Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
қаламрави Осиёи Марказӣ буда, бо гузашти айём эшон тавассути Афғонистони кунунӣ ба самти болои водии Ганҷ ва манотиқи дигар, амсоли ҷанубию ғарбии Эрон, Осиёи Пеш ҳиҷрат намуданд. Як далели муҳими бумгоҳи аслии оризиён ба шумор омадани Осиёи Марказӣ маҳфуз мондани вожаи «ориё» дар таркиби номҳои ҷуғрофии зиёдест. Масалан, собит гардидааст, ки дар гурӯҳи овозҳои оғозии топоними Рометан (мавзее дар Бухоро) унсури зикрёфта маҳфуз мондааст.
Ба ин тариқ, як даврони муайян ақноми эронизабону ҳиндузабони ҳозира забони муштараке мавсум ба «орией» доштанд. Ин андешаро метавон аз тариқи муқоиса кардани забони «Авесто» бо «Веда»-ҳо исбот намуд. Дар ҳар ду манобеъ шумори зиёди вожаву ифодаҳоро метавон дучор гардид, ки онҳо танҳо аз лиҳози овоз аз ҳам тафовут доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки баъди ба шохаи алоҳида ҷудо гардидани забони ориёӣ корбурди апосири луғавии фаровони забони ҳиндуаврупоии қадим дар он бо таҳаввулоти шаклӣ ба мушоҳида мерасад. Вале баробари ин дастае аз вожаҳои даврони ҳиндуаврупоӣ ба мӯҷиби куҳангардӣ ё авомили дигар ба забони орией роҳ наёфтанд. Ин аст, ки дар баёни мафҳумҳои алоҳида дар давраи орией як силсила вожаҳои нав зуҳур карданд. Ба ҳайси мисол метавон дар баёни мафҳуми «шир дӯшидан» истифода шудани вожаҳоро бо асосҳои meek ва d(h)eyq(h) шоҳид овард. Дар аҳди ориёӣ вуҷуд надоштани вожаеро бо асоси аввал на корбурди апосири луғавиро бо асоси дуюм метавон дучор шуд. Сабаби рухдоди ин ҳолат, ба эҳтимоли қавӣ, ба хусусияти инкишофи чорводорӣ байни тоифаи ориёӣ ҳамбастагӣ дорад. Чунин тарзи зуҳури вожаҳоро дар аҳди ориёӣ дар мисоли ифодаи даҳҳо мафҳуми дигар, амсоли «зар», «канаб», «маркаб» ва монандӣ инҳо метавон далел овард. Дар иртибот ба масъалаи мавриди таҳлил зарурати ишораи чунин нукта пеш меояд, ки пас аз ҳиҷрати тоифаҳои аз ҳиндуаврупоиёни куҳан зуҳуркарда, чун анатоливу орисиву юнониҳову... агар байни шохае аз онҳо робитаи фарҳангӣ идома ёфта бошад, пас мисли соири ақвом чунин алоқа гусаста гардид. Чун далел ёдовар шудани корбурди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё