Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
аносири ориёиасл дар навиштаҷоти ҳеттӣ, ки мансуб ба шохаи анатолии забони ҳиндуаврупоист, қофист. Ин гуна таъсири забони ориёиро ба забони ақвоми ғайриҳиндуарупоии Шарқи Наздик низ метавон мушоҳида кард. Чунин қидмати таъсири забони мазкурро аз рӯи корбурди истилоҳоти ориёии aika çartanna «як гардиш» panza çartanna «панҷ гардиш» ва монанди инҳо метавон собит намуд. Ин гуна вомвожаҳо аксаран дар баёни номи худоёну шоҳон ва истилоҳоти марбут ба асппарварӣ истифода мегардиданд. Дар раванди инкишоф аз шохаи ориёӣ зершоҳаҳои мутааддиде, амсоли эронӣ, ҳиндӣ, дардӣ, нуристонӣ (қофирӣ) зуҳур намуданд. Мавриди тазаккур аст, ки аз байни бахшҳои ёдшуда, пеш аз ҳама, дар шохаи қофирӣ аносири архаистии забони ориёӣ маҳфузанд.
Ба ин тариқ, дар тӯли мавҷудияташ забони ориёӣ, ки шумори намояндагони он, тибқи санадҳои бароимон дастрас, ҳоло дар рӯи замин 850 миллионро ташкил медиҳанд, на танҳо худ як забони ғаноманди замон ба шумори меомад, балки барои вусъати комил пайдо кардани таркиби луғавии забонҳои ғайр низ ба ҳайси нирӯи ҳаётбахш мусоидат кард.
Вожаҳои ориёиасл дар забонҳои ҷаҳон
Муаррихи Юнони қадим Ҳеродот, ки аҳли илм барҳақ ӯро «падари таърих» шумурдаанд, дар китоби дувуми «Таърих»-и машҳури нӯҳҷилдааш, ки «Евтерна» номгузорӣ кардааст, аз хусуси ҷӯёи қавми куҳан шудани яке аз шоҳони Мисри Қадим мавсум ба Псамметихӣ (нисфи садаи VII п.а.м.) нақли аҷиберо овардааст, ки хулосааш чунин аст: Псамметихӣ баъди соҳибшавӣ ба тахти шоҳӣ хост оид ба қавми куҳантарин ва забони онҳо маълумоте дошта бошад. Бо вуҷуди гирдоварӣ шудани ахбори фаровон масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ ҳалли худро наёфт ва зарурати пеш гирифта шудани роҳи дигар ба миён омад. Бо амри мавсуф ду кӯдаки навзодро аз хонадони одамони оддӣ ба чӯпони бузпарвар супориданд, то ки ӯ онҳоро ба парастории хеш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё