Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

катибаҳои порсии қадим низ дучор меояд. Чунин тарзи ифода иртибот ба он дорад, ки дар ин давраи инкишоф забон сохти флективӣ (таркибӣ) дошта, дар қатори категорияҳои дигар ҳиссаҳои номиву феълии нутқ онҳо низ дорои категорияи шумора будаанд: Ҳадо камнайбиш мартийайбиш, «бо каме мардон», Ҳадо висайбиш багайбиш «бо каме худоён», анийоҳаҳ багаҳа «дигар худоён» (ниг. 47, с. 268).

Аз мисолҳо аён аст, ки дар ибораҳои номбурда муайянкунандаҳо қабл аз муайяншаванда омада, бо он аз лиҳози шумора (таъкиди мо-Ҳ.А.), ҷинс ва падеж мувофиқат кардаанд. Ин ҳолат дар катибаҳои Ҳаҳоманиши бисёр ба мушоҳида мерасад: Пасоға Надитабайра ҳадо камнайбиш асаборайбиш амуса, Бабирум ашийаға «Пас Набинтубел бо каме савор гурехт, ба Бобул рафт».

Ба ин тариқ, дар забони нашрияҳои ҳозира ба гунаи ҷамъ мавриди корбаст қарор гирифтани ҷузъи тобеи ибораҳои изофиро фақат ғалати имрӯза ба қалам додан ба ҳақиқат наздик нест, балки он решаҳои амиқи таърихӣ дошта, маншаи худро аз давраҳои пешазмелодӣ — давраҳои нахустини инкишофи забонҳои эронӣ, ба вижа тоҷикӣ гирифтааст.

Ҳифзи гунаи куҳани вожаҳо
дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ

Маводи фактологии гирдомеда аз лаҳҷаҳои шимолӣ ин нуктаро собит месозанд, ки алҳол дар каломи мардуми мавзеъҳои мухталифи Тоҷикистон ё минтақаҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои дигар на танҳо калимаҳои қадимӣ ба ҳамон маънои пешина боқӣ мондаанд, балки дар аксари чунин лаҳҷаҳо талаффузи куҳани ин гуна унсурҳои луғавӣ маҳфузанд, ҳол он ки онҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ба гунаи ҷадид мавриди истифода қарор доранд. Ҳанӯз солҳои чилуми садаи XX ба ин нукта устод Садриддин Айнӣ ишора намуда, таъкид карда буд, ки дар «Шоҳнома» бо чунин вожаҳое метавон дучор омад, ки ҳоло

пешина
аз 63
навбатӣ