Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар забони адабии Эрон мустаъмал нестанд, вале дар байни тоҷикон зинда буда, ба ҳамон талаффузи қадим ба кор мераванд (ниг. 7, с. 53).

Дар иртибот ба ин масъала зикри ин нуктаи муҳим зарур менамояд, ки ба усули муайян сохтани тарзи талаффузи куҳани вожаҳо дахл дорад. Албатта, нишон додани талаффузи пешинаи кулли вожаҳо кори басо сангин ва ҳатто ғайриимкон аст. Вале онро метавон ба таври иҷмолӣ аз ду роҳ муайян сохт: 1) аз рӯи қайду ишораҳои парокандае, ки дар иддае аз сарчашмаҳои ба сарфу наҳв бахшидашуда омадаанд. Аз ин ҷиҳат фарҳангҳои дузабона ва осори ба улуми балоғат бахшидашуда нақши сазовор доранд, зеро, агар дар чунин вожаномаҳо ҳангоми муқоисаи вожаҳои ду забон тарзи корбурди онҳо низ ишора гардад, пас дар осоре, ки шомили масоили илми балоғатанд, талаффузи калимаҳо ба муносибати баҳс дар вазну қофия ба қайд оварда шудаанд; 2) усули дигари муайянсозии талаффузи вожаҳо зикри ҳаракат ва нишонаҳои хосест, ки дар баъзе нусхаҳои куҳани форсӣ барои возеҳ гардонидани тарзи талаффуз ё парҳез аз иштибоҳ сабт гардидаанд.

Роҷеъ ба масъалаи маҳфуз мондани талаффузи қадим муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ибрози назар кардаанд. Чунончи, олими тавонои Эрон Парвиз Нотили Хонларӣ андешаи донишмандони асримиёнагӣ Сибавейҳ ва Хоҷа Насируддини Тӯсиро доир ба мавҷудияти садоноки ӯ дар забони порсии нав таҳлил намуда, овардааст, ки «ин мусаввит ҳанӯз дар баъзе аз гӯишҳои эронӣ ҳаст, аммо дар форсии дарӣ вуҷуд надорад ва ҳама ҷо ба мусаввити мамдуди у табдил ёфтааст» (77, ҷ. 2, с. 188). Ҳамин муҳаққиқ дар асари дигараш «Дастури таърихии забони форсӣ» низ аз хусуси боқимонии талаффузи аносири луғавии забони порсии миёна дар гӯишҳои мухталифи эронӣ изҳори назар кардааст (ниг. 77, с. 222, 226). Аз ҷумла, дар мавриде ӯ қайд менамояд, ки «ин калима (аз - Ҳ. А.) дар форсии миёна aj аст. Дар баъзе гӯишҳои марказӣ ва ғарбии Эрон низ сурати aj дида мешавад» (77, с. 226).

пешина
аз 63
навбатӣ