Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Зебоии он бандаро ба шигифт меоварад ва номаш ба форсӣ «Дилмазанда» аст.

Шояд маҳз ҳамин ишораҳои муаллифони маъхазҳои асримиёнагӣ устод Садриддин Айнӣро водор сохта бошад, ки дар тавсифи Хуҷанд истифодаи ибораи «Тирози ҷаҳон»-ро амри воҷиб ҳисобад.

Дар ин ҷо мехоҳем ба як паҳлуи масъала таваҷҷӯҳи хонандаро равона созем. Сарфи назар аз он ки роҷеъ ба гузаштаву ҳозираи Хуҷанд аз ҷониби аҳли пажӯҳиш мақолаву осори таҳқиқӣ омода гардида, чоп шудаанд, вале перомуни ваҷҳи тасмияи (этимологияи) вожаи Хуҷанд то ҳол оташи баҳсу талошҳо хомӯш нагардидааст. Гурӯҳе дар заминаи маводи илмӣ ва далоили мутааддид, қисми дувум бар асоси нақлу ривоят кӯшидаанд, ки сайри таърихии топоними мазкурро ошкор намоянд. Муҳаққиқон бештар ақидаеро ҷонибдорӣ кардаанд, ки мутобиқи он вожаи мазкур аз ҷузъҳои хвага- (хур) ва -kanta иборат буда, дар баёни маънои «макони офтобрӯя» истифода мегардад (20, с.203). Дар иртибот ба ин масъала афзуданием, ки муҳаққиқон баъзан на танҳо ҳангоми шарҳу тафсири таърихии зуҳури ин вожа ба иштибоҳ роҳ додаанд, балки аз хусуси мавқеияти ҷуғрофии он низ андешаи ботилеро изҳор доштаанд. Ҳатто муҳаққиқ ва луғатшиноси тавонои Эрон Муҳаммад Муин дар фарҳанги санҷидаи хеш зимни шарҳи вожаи Хуҷанд онро «яке аз шаҳрҳои Ӯзбекистон дар канори Сайҳун...» ҳисобида, таъкид мекунад, ки «... имрӯз онро Ленинобод гӯянд...» (40, ҷ. 5, с.475).

Маводи гирдмада, муқоисаву муқобалаи онҳо бо далелҳои дар сарчашмаҳои кӯҳна зикрёфта хавораканта ба шумор омадани бунёди вожаи Хуҷандро таҳти шубҳа қарор медиҳанд. Мехоҳем қабл аз таваҷҷӯҳ ба сарчашмаи пайдоиши ин калима ибтидо як ҳодисаи забонии тоҷикиро, ки силсилаи зиёди воҳидҳои луғавӣ дучори он гардидаанд, ёдрас намоем. Таърихи инкишофи забонҳои эронии баёнгари он аст, ки гурӯҳи калони унсурҳои луғавӣ дар раванди мавҷудияташон аз даврони куҳан ба баъд ҳамвора аз лиҳози шаклу маъно ба таҳаввулот дучор гардида, дастае аз онҳо на

пешина
аз 63
навбатӣ