Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

танҳо аз овозҳои алоҳидаи худ, балки аз ҳиҷо ё ҳатто ҷузъҳои маънодорашон маҳрум гардидаанд. Инро метавон дар мисоли вожаҳои афсӯс (апасрауҷра), посух (патисахван), фирӯз (париауҷаҳ), сабук (сранука), дигар (двитийакара), фарох (фрасахвант) ва садҳо унсурҳои луғавии дигар исбот кард. Дигар ин ки бар ивази як ҳамсадо ё садоноки давраи қадими инкишофи забонҳои эронӣ дар давраи баъди мусаввит ё сомити дигар бештар тибқи қонуни табодул ё баъзан аз роҳи ғайриқонунӣ зуҳур кардааст: мӯй (мауда), рӯй (рауда), пай (пада), пой (пода).

Аз назари таҳлил гузаронидани гузаштаву ҳозираи вожаи Хуҷанд низ баёнгари он аст, ки ҳодисаҳои тазаккурёфта бо ин топоним низ рӯй додааст. Пеш аз таҳлили ин вожа мехоҳем боз як нуктаи дигарро қайд намоем. Калимаҳое, ки ҳоло дар оғозашон ҳамсадои х доранд, дар ҳамаи давру замон ба гунаи ҳозираашон мустаъмал набуда, балки қисме аз онҳо: а) дар ибтидо аз ин ҳамсадо маҳрум буданд (хуш<порсии миёна ҳӯш, умумиэронӣ уш; ҳезум < порсии миёна ҳезм< авестои аесма; хашм/хишм < порсии миёна хешм < авестои аешма; хишт < порсии миёна хишт < авестои иитийа); б) силсилаи дигар бар ивази ҳамсадои ҳ-и эронии бостон пайдо гардидаанд (хушк< порсии миёна ҳушк < порсии қадим ушка) (ниг. 7, с.37).

Бо вожаи Хуҷанд ҳодисаи охир рӯй додааст. Ба назар мерасад, ки ин вожа аз бахшҳои ху- ва қадга иборат аст. Дар бобати маҳфуз мондани ҷузъи ху- дар таркиби топоними Хуҷанд ин чиз далел буда метавонад, ки он (яъне ху-) ба ҳайси яке аз компонентҳои таркиби воҳидҳои луғавӣ бо як силсила калимаҳои дигар ҳамроҳ гардидааст: хузайна «соҳиби силоҳи «хуб» (ҷузъи зайна баъдтар ба шакли зип таҳаввул ёфта, тағйири маъно кардааст) ҳутава «пурзӯр» (ху «хуб» тава аз тав «пирӯманд будан»), ҳумартия «одамони хуб», ҳуқара «артиши хуб», ҳутака «давандаи хуб» (аз tak «давидан». Ҳоло «такудав» мегӯянд. Муқ. Такоб, руси течь); моди ҳумирса «дӯсти хуб», ҳуспака «сағи хуб», ҳунофа «авлоди хуб»; порсии қадим хусанту «тухман хуб», ҳуаспа

пешина
аз 63
навбатӣ