Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
гирад. Аз ҷониби шоҳ супориш шуда буд, ки дар ҳузури кӯдакон ҳеҷ кас калимаеро ба забон наёрад. Навзодҳоро дар бомгоҳи алоҳида хобонида, соати муайян чӯпон наздашон бузеро меовард, шир мемаконд ва бозмегашт. Шоҳ Псамметиҳи чӯпонро вазифадор карда буд, ки сухани нахустини ба забонорандаи навзодҳоро дар хотир нигоҳ дорад. Чунин тарзи зиндагӣ ду сол идома ёфт. Боре, вақте ки чӯпон вориди кулба шуд, ҳар ду кӯдак ба пойӣ ӯ часпида, дастопашонро сӯи ӯ дароз намуданд ва калимаи «бекос»-ро ба забон оварданд. Ин амал чанд рӯз такрор ёфт ва аз забони инҳо ҳамон вожаи «бекос» садо медод. Шунидаашро ӯ ба арзи шоҳ расонид. Чунки Псамметиҳи худ он калимаро шунид, амр дод, то бифаҳманд, ки кадоме аз халқи олам он вожаро истифода мекунанд. Мусаллам шуд, ки фриқиён ин калимаро дар байни мафҳуми «нон» ба кор мебурданд (пин. 16, с.95-96) (Воқеан, ин воҳиди луғавӣ дар ёдгориҳои ба забони фриқӣ таълифёфта дучор меояд).
Аз чунин рухдод мисрияҳои қадим, ки тибқи пажӯҳишот онҳо низ ориёинажод маҳсуб мешаванд, ба хулосае омаданд, ки фриқиён қавми басо куҳан будаанд.
Манзур аз зикри ин нақл он аст, ки ориёиён, тамаддуни онҳо ва забонашон низ мисли забони фригӣ, ки яке аз забонҳои ҳиндуаврупоии қадима дар Осиёи Хурд мавҷуда ҳисоб шуда, бо забони ориён бисёр наздикӣ дошт, куҳанбунёд маҳсуб гардида, дар тӯли таърих ба забонҳои мухталифи дунё таъсири назаррасе расонидааст. Дар иртибот ба ин масъала чунин нуктаро гӯйзад карданием, ки пас аз муддати муайяни ривоҷ доштани забони ориён он ба шоҳаву зершоҳаҳои алоҳида ҷудо шуда, аносири луғавии он дар он шоҳаҳо вижагиҳои муайяни овозиро касб карданд. Аммо сарфи назар аз чунин таҳаввулот, решаи онҳо ба ҳамон даврони ориёӣ рафта мерасад. Дар ин маврид ёдовар шудан аз як ишораи олими тавонои Эрон Муҳаммад Тақии Баҳор барҷост, ки навиштааст: «Бояд донист, ки ситезаи луғоте, ки ба забони форсӣ маъруф шудааст, дар ҳақиқат форсӣ нест, балки як шоха аз танаи аслӣ ва ориёист, ки дар натиҷаи табаддулот ва тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё