Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
куҳан побарҷо монд, дар порсии нав бошад, шакли хуррам-ро пазируфт. Доир ба шакли охири истифодаи ҷузъи ҳу метавон далели бисёр овард, вале мо бо зикри танҳо як шоҳиди дигар маҳдуд мешавем. Се вожае, ки дар фалсафаи ойини зардуштӣ дар баёни се арзиши волои ахлоқӣ мавриди истифода қарор доштанд, яъне ҳумат «пиндори нек», ҳухт «гуфтори нек», ҳуварст «рафтори нек» (авестои ҳумата, ҳухта, ҳварста) низ дар осори порсии миёна, амсоли «Баргузидаи андарзи пурийуткешон», «Менуи хирад» ба ҳамон гунаи куҳан фаровон ба кор рафтаанд(61, с.187; 62 с. 184, 187). Дигар ин ки дар осори порсии миёна иваз гардидани ин пешванд ба муодили худ, яъне сифати «беҳ» низ ба назар мерасад ва ин ҳолат ҷараёни мансухгардии ҷузъи ҳу-ро дар даврони баъдӣ тезонд.
Дар давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ (шояд ҳатто аз охири давраи миёна) раванди гузариши ҳ-и бостон ба х-и навин ба маротиб афзуд, вале ба таври истисно дар чанд унсури луғавӣ гунаи куҳан боқӣ монд: ҳуҷир/хуҷир «нек» < порсии миёна ҳуҷиҳр < авестои хучисра (47, с. 75).
Имрӯз дар баъзе гӯишҳои тоҷикӣ калимаи ҳулба/ҳулбӯ густариш дорад, ки он низ гунаи таҳаввулёфтаи ҳубӯйи куҳан аст. Дар иртибот ба гузаштаи ин вожа метавон аз корбурди он дар осори порсии миёна ёдовар шуд. Дар «Шаҳристонҳои Эрон», ки ба паҳлавии китобӣ таълиф гардидааст, дар мавриде, ки сухан аз хусуси шаҳристонҳои бунёдкардаи Хусрави Каватон меравад, унвони яке аз онҳо ба шакли «Хубӯй Шаҳристон» ба қайд меояд(62, с. 80, 88).
Ба ин тариқ, аз таҳлили вожаҳои фавқ метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки дар таркиби топоними Хуҷанд (ҳу+чанд) ҳиссаи аввал шакли таҳаввулёфтаи пешванди умумиэронии ҳу- аст. Ҷузъи дуюм чанд низ аз ҷумлаи аносири куҳани эронӣ маҳсуб шуда, он гунаи таҳаввулёфтаи қанта-и эронии бостон аст.
Аз шавоҳиди дар сарчашмаҳои паҳлусозҳои миёна тазаккурёфта бармеояд, ки ҷузъи канд ба гунаҳои мухталиф: каг, капд, қанд, кас «шаҳр» дучор шуда, беш аз ҳама варианти охир мустаъмал будааст. Аз ҳама кам шакли қанл мавриди истифода қарор гирифта, танҳо дар ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё