Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

топоними дар маъхазҳои садаҳои IX-XIII зикршуда дучор меояд.

Топоформанти мазкур баъдан дар забонҳои куҳану муосири эронӣ мутобиқи қонуни ҳар кадоми онҳо гунаҳои мухталифи овоиву маъноӣ пайдо намудааст: авестоӣ ката, хоразмӣ -кав, -кат, яғнобӣ кант, -канд, -кат «шаҳр», осетинӣ кент «бипо», пашту кандай «маҳалла» (1, с.590; 78, с.10). Ҷузъи мавриди таҳлил ба забонҳои ғайриэронӣ низ бо таҳаввулоти муайяни шаклӣ роҳ ёфтааст: уйғурӣ -кант, шеваҳои мухталифи туркии қадим -кент. Вожаи хата «хона»
и забонҳои славянӣ, ба хусус русӣ низ сарчашмаи худро аз катаи авестоӣ пазируфта, ба ҷуз дар алоҳидагӣ мустаъмал буданаш ба ҳайси топоформант дар таркиби топоними Пятихатка-и украинӣ маҳфуз мондааст (74, с.226; 79, с.17).
Аммо ин топоформант, ба назари мо, ҳанӯз дар садаи X баробари шаклҳои маъмулияш боз ба гунаи -ҷанд дар таркиби топоними Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифтааст. Як назари сатҳӣ ба маводи осори ин давр, амсоли «Ҳудудулҳолам»-и маҷҳулмуаллиф, «Ашколул-олам»-и Ҷайҳонӣ ва монанди инҳо метавонад ин андешаро собит созад. Аз ҷумла, Абӯалӣ Балъамӣ низ дар «Таърихи Табарӣ» дар фасли «Хабари ғазои Қутайба ба Чочу Фарғона» ин вожаро ба шакли фавқ забт кардааст: «Ва чун ба Суғд расиданд, ин бист ҳазор мардро сӯи Чоч гусел кард ва худ ба Фарғона шуд, то Хуҷанд бирафт» (4, с.1281). Бо сабаби то замони мо нарасидани осори дар арафа ва давраи ҳуҷуми арабҳо таълифшуда, инчунин маҳв гардиданашон наметавон замони мушаххаси ба таҳаввулоти овоӣ дучор шудани ҷузъи -кант/-канд-ро ба ҷанд нишон дод. Вале аз он ҷо, ки мавридиҳои табдили ҳамсадоҳои к ба ч ва ҷ дар забонҳои эронӣ собит гардидааст (85, с.58) ва ин унсур дар забонҳои дигари эронӣ ба ҳайси топоформант ба ҳамин шакл (яъне -ҷанд/-ҷонд) мавриди истифода қарор дорад, метавон натиҷагирӣ намуд, ки гузариши шаклӣ -канд ба ҷанд хеле пеш аз садаи X ба вуқӯъ пайвастааст: Хуҷанд (Дарвоз), Чараҷил (Шоҳдара-49, с.24), Бирҷанд (Эрон-40, с.
308).

пешина
аз 63
навбатӣ