Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мамлакати Эрон рӯй додааст, ба тадриҷ сохта шуда ва ба шакли феълӣ даромадааст» (12, с.243-254).

Калимаҳое, амсоли падар, модар ва садҳо вожаи дигар чӣ дар забонҳои алоҳидаи эронии қадим, чӣ миёна ва чӣ нав аз нигоҳи шакл ба таҳаввулот дучор гардидаанд. Чунин тағйирот на танҳо дар доираи забонҳои эронӣ ба вуқӯъ пайвастааст, балки он аз ин доира берун баромада, дар забонҳои ғайриэронӣ низ сурат гирифтааст. Мисоли равшани ин иддао таҳаввулоти шаклу маънои худи вожаи «ориё» дар забони русист. Дар ин забон, ки ба шохаи славянии забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб аст, дар баёни маънои «кишварҳои дур, мавзеи сукунати зимистонии паррандагон» вожаи ирей/ирий ба кор меравад, ки он гунаи тағйирёфтаи вожаи aɣiu̯a аст (ниг. 74, ҷ.2. с. 137-138).

Чун сухан аз сарнавишти ин калима рафт, таъкид кардани як нуктаи марбут ба он зарур ба дида мерасад. Дар тӯли мавҷудияташ ин воҳиди луғавӣ ба маъноҳои мухталиф истифода гардидааст. Одатан маънои онро дар китобҳо «асилзода», «озод», «покнажод» шарҳ додаанд. Вале, бино ба пажӯҳишҳои навин, унсури луғавии мазкур, ки аз вожаи ҳиндуаврупоии ar(i)o-ct, дар ибтидо маънои «соҳиб»-ро дошта, баъдан тобишҳои нави маъноиро касб кардааст. Дар забонҳои гурӯҳи фишноугорӣ ин калима бо гузашти айём дар баёни маънои «гулом, банда» истифода гардид, ки он сабабҳои муайяни таърихӣ дорад.

Бояд гуфт, ки тадриҷан гунаи вожаҳои ориёнасл, ки дастас аз онҳо бар ивази апосири дар даврони ҳиндуаврупоии қадим мустаъмал маҳз дар давраи ориёзӣ зухур намудаанд (шумораи ин гуна вожаҳо басо зиёданд), баъди ба шохаҳо ҷудо гардидани забони ориёзӣ тағийроти ҷиддиеро паси сар кардаанд. Минбаъд ба забонҳои ғайриэронии ҷаҳон аз забонҳои алоҳидаи эронӣ вожаҳое роҳ ёфтанд, ки аслашон ба давраи ориёзӣ ва гузашта аз он ҳиндуаврупоӣ рафта мерасад. Аҳли илму адаби гузашта аз чунин иқтидори беназири забонҳои алоҳидаи эронӣ, ки бунёдашон ба умумиэронии, ориёзӣ ва монандӣ инҳо рафта мерасад (амсоли форсӣ, тоҷикӣ, суғдӣ, модӣ ...) дар шигифг

пешина
аз 63
навбатӣ