Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
ин андеша метавон шоҳиди зиёде овард, вале бо сабаби маҳдудии имкон се нуқтаро ба арзи хонандаи муҳтарам мерасонем:
-
Дар як номае, ки соли 1618 ба забони мароҳитӣ (яке аз забонҳои ҳиндӣ) таълиф шудааст, яксаду шасту панҷ вожа мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки аз ин миқдор ҳамагӣ сиву ҳафт калима мароҳитӣ буда, яксаду бисту ҳафт вожа ориёиасланд.
-
Дар «Фарҳанги туркии қадим» (Древнетюркский словарь), ки маводаш аз сарчашмаҳои қарнҳои VII-VIII гирдоварӣ шудааст, мувофиқи ҳисоби мо, дусаду нӯҳ вожаи ориёиасл мавриди истифода қарор гирифтаанд (ниг. 16а, с.).
-
Унсурҳои ориёиасл дар забонҳои ғайриэронӣ на танҳо дар алоҳидагӣ истифода гардидаанд, балки дар калимасозӣ низ нақши сазовор доранд. Масалан, як нигоҳи сатҳӣ ба фарҳанги дуҷилдаи «Ӯзбек тилининг изоҳли луғати» (1981) нишон дод, ки бо воҳидҳои луғавии сер — 52 адад, сар — 43, дил — 49, гил — 24, бад — 13, кам — 10 вожаи нав сохта шудаанд. Мавриди таъкид аст, ки силсилае аз чунин аносири луғавӣ дар шоҳаҳои алоҳидаи он идома наёфтанд, вале дар забонҳои дигари ғайриэронӣ ва гузашта аз он ғайриэронӣ басо фаровон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Манзури мо аз ин гуфтаҳо ёдрас кардани сарнавишти унсури топонимсозии «гирд» на гунаи муарраби он «ҷирд» аст. Дар осори манзуму мансури асримиёнагии форсу тоҷик корбурди ин вожаро, ки маънои «шаҳр»-ро дошт (он бо калимаи «город»-и русӣ алоқа дорад), дар ташаккули номҳои зиёди ҷуғрофӣ метавон дучор омад. Унсури ориёиасли мавриди таҳлил, ки минбаъд дар забонҳои эронии бостон ва ҳиндии куҳан мутаносибан ба гунаҳои таҳаввулёфтаи kîta ва virt\virtāt мавриди истифода қарор гирифт, беш аз ҳама, дар осори аҳди Сомониён дучор меояд: Ҳошимгирд, Висагирд, Вудошҷирд, Фирӯзҷирд, Дороҷирд...
Таҳлил, қиёс ва муқобалаи маводи забонҳои тоҷикиву русӣ, инчунин фарҳангномаҳо касро ба ин андеша водор месозад, ки унсури луғавии мазкур ба забонҳои славянӣ, бахусус, русӣ метавонист танҳо аз тариқи забонҳои эронӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё