Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАДАҶОНАМ, ПАГОҲ ИД!

Дадаҷонам, пагоҳ ид!
Ба ман ҳино биёред.

Ӯсмаи тар биёред,
Қанду шакар биёред.

Дадаҷони апошам,
Ӯсма овард ба қошам.

Ҳино овард ба дастам,
Ҳиноро кӯфта бастам.

Саҳар хезам, маро бин —
Дастам шудаст ҳиногин.

ДӮЛОНАМАРҶОН

Дар бари кӯҳу даман
Дӯлонаҳо зард шуд,
Хоҳари ширини ман
Калону раҳгард шуд.

Ниҳода ду-се қадам,
Хурраму хандон шуд,
Ба гардани хоҳарам
Дӯлона марҷон шуд.

пешина
аз 33
навбатӣ