Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

СУРНАЙЧӢ

Ҳой-ла-ла-лай! Чӣ омад?
Ана, сурнайчӣ омад!

Сурнайчии тӯйхабар
Гашт яке нағмагар.

Духтарако сею чор
Рақс кунанд беқарор.

Тӯякиҳо — тангапош,
Бачаҳако дар талош.

Ҳофизи мо — хушғазал,
Хурду калон — хушамал.

Момои мо салла баст,
Бобои мо лаппӣ ҷаст,

Хушдилу хушрӯ ҳама,
Дилбару дилҷӯ ҳама,

Тӯй сараю тӯй сара,
Ҳофизи хушгӯй сара,

Рақси басангак сара,
Кишнаи аспак сара,

Умбаки таблак сара,
Бозии лӯхтак сара.

Нахӯди биръён сара,
Оши палавҷон сара

Базму тамошо сара.
Тамоми дунё сара.

пешина
аз 33
навбатӣ