Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

НЎЪМОН РОЗИҚ

МУСИЧАҲО НОДОН НЕ

МУСИЧАҲО НОДОН НЕ

Рўзе ба ҳавлии мо,

Аз он тарафи дарё,

Як ҷуфт мусича омад,

Пиррикунон фаромад.

Обу дони фаровон,

Ҳам сояи дарахтон,

Бар навдаҳо паридан,

Болои бом давидан.

Писанд омад ба онҳо,

Монданд ҳар ду ин ҷо

Маслиҳат карданд онон

Рўи сутуни айвон.

Баробар хас кашонданд.

Болои ҳам кашонданд.

Лона сохтанд баҳри худ

Лона набуд – чор хас буд.

Ба кори ин ду «усто»

Раҳмам омад ҳамоно

Чидам як қабза хасро,

Ёрӣ додам ба онҳо:

Лона сохтам гармакак,

Гуфтам:

– Акнун марҳамат,

Лона тайёр беминнат,

Лек ҷонварони нодон,

Хасҳоро бо нўлашон

Ҳаво доданду даррав,

Лонае сохтанд аз нав.

Ҳайрон шуда аз ин кор

– Нағз не,– гуфтам,–

ин рафтор!

Ҳодисаро саросар

Фаҳмида гуфто модар:

– Ҳайрон нашав, писарҷон,

Нодон не, мусичагон.

Онҳо аз меҳнати худ

Баҳраваранду хушнуд.

БАРОИ МУРҒАКОН

Аз боло шамол омад,

Бо шарфаи бол омад.

Як селаи кабки кўҳ

Бо мурғи ҳилол омад.

Додарҷони ҷонона,

Аз хона барор дона,

Бар мурғи хушхони кўҳ

Бар мурғи дари хона.

КАБК

Кабки дарӣ ҳар саҳар

Аз бари кўҳ раҳгузар.

Мепарад аз шаршара,

Мехонад аз лаби ҷар.

Нўлаки сурхаш – зебо,

Болу параш – қаҳрабо.

Ҷонвараки безабон,

Ҷонвараки хушнамо.

Кабки дарӣ беқарор,

Ошиқи рўи баҳор,

Бо ҳазору як мақом

Месарояд бедутор.

пешина
аз 14
навбатӣ