НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?
Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд
МУСИЧА
Яку дую сею чор,
Ман духтари Мирзоёр.
Мирзоёри найнавоз,
Мусичаро дон андоз.
Мусичаи лаби бом
Мехонад бо сад мақом:
«Ку-куи ку» мегўяд,
«Хонаам ку?» мегўяд.
Хонааш зери нигас,
Деворҳоячш хору хас.
Мурғаки камҳавсала
Дари хонааш яла.
Боғи ба боғ мегардад,
Сина фароғ мегардад.
Хонаашро карда гум,
Дорад суроғ аз мардум.
ТУРНАҚАТОР
Турна қатори қатор,
Қосиди фасли баҳор,
Турнаи тори ҳаво,
Биё, ба пешам фаро.
Аз чашмаҳои Ҳисор
Бо нўлат обам биёр,
Бо собуни мушкбў
Ман мекунам шустушў.
Мўи маро бофӣ соз,
Ман мешавам мўдароз.
Ҳар як кокули мўям
Расад то ба зонуям.
Қамчини торон шавад,
Химчаи ларзон шавад.
Қамчина чин-чин кунам,
Аспама қамчин кунам.
ФАРОШТУРУК
Фароштурук, фароштурук,
Камзулчаат сиёҳу мушк,
Будӣ зимистон дар куҷо,
Чаро шудӣ ту камнамо?
Қосиди навбаҳорӣ ту,
Ҷонвари беқарорӣ ту,
Бегона нестӣ ба мо,
Биё, ба хона марҳабо.
Ҳавлии мо ҷойи худат,
Биё, бишин ба рўйи кат.
Биё, қосиди хушхабар,
Омад баҳор гулбасар.
Лонаи ту ҳанўз нав,
Дигар ба ҳеҷ ҷо нарав.
АСПИ МАН
Аcпе дорам чатоқ аст,
Ҳай чолоку бебок аст.
Медаваду медавад,
Ҷавлонзанон меравад,
Вай давад тойчаҳояш,
Медаванд аз қафояш.
На лаҷом дорад, на зин,
На мезанам ба қамчин.
Донӣ чӣ хел асп аст он?
Нигар сўи осмон!
ХАТИ МАЙНАҲО
Як майнаи донояк,
Донояку балояк,
Аз дарахте ба поён
Фаромад пеши айвон.
Ба ҳар тараф назар кард,
Ҳамроҳашро хабар кард.
Бехи деворро кофта,
Нонрезаҳоо ёфта,
Хўрданд онҳо иттифоқ,
Нўлашонро карда пок.
Бо панҷаҳои пошон
Болои хок онон
Кашиданд ҳар хел хатҳо,
Пас париданд аз он ҷо.
Ҳикматҷони хурдакак
Пайҳоро дида як-як.
Гуфто ба ман: – Акоҷон,
Хати майнаҳоро хон.
Бо забони худ онҳо,
Чиҳо навиштанд ба мо?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё