Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

касе аз мошин нафаромаД? — гуфта мепурсиданд аз бача, вале ӯ ҳамон ҷавобро медод: «намедонам, надидаам, ман аз куҷо донам, ки касе баромад ё не?»

Хайрият, автоинспекторон то омадани майор ба ҳеҷ чиз даст нарасондаанд. Сафаров аз одамони беруна хоҳиш намуд, ки дар канортар баромада истанд.

— Ҷобиров!
— Лаббай, рафиқ майор!
— Шумо дар ҳамин ҷо монед. Мо бо Комилов ба
поён мефароем.
— Хӯб шудааст.

Сафаров ба лаби ҷарӣ омада, ба поён нигоҳ кард.
Шуои чароғҳои дастӣ ва якчанд чароғи сайёр, ки аз қувваи батареяҳои пуриқтидор фурӯзон гашта буданд, нишебии дараро ҳамчун рӯз мунаввар мекарданд.

Майор ва лейтенант даступои худро ба қирраи санг ва буни буттаҳо андармон карда, поён мефаромаданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо қатраҳои дар рӯи хоку сангу хошоки хушкшудаи хун дида мешуд. Дастаҳои бутун ва пошхӯрдаи пули даҳ, биступанҷ ва панҷоҳсӯмӣ, ҳуҷҷатҳои гуногуни кассаи кон паҳну парешон мехобид. Дар поёнтар дар шохи шикастаи буттаи дӯлона халтаи чармини кассир овезон меистод, ки дар таки он як миқдор пул ва қоғаз боқӣ монда буд. Ба хушбахтӣ, наҳрчаи таки дара хеле камоб буд ва шамол ҳам тамоми рӯз суст мевазид.

Ҷасади кассир ва шофери кон дар вақти афтодан даҳҳо карат ба сангу буттаҳо бархӯрда, сурати аслӣашро гум карда буд.

Каме дуртар аз ҷасадҳо мошини сабукрави кон мехобид. Ҳоло вай ба автомобиль як қадаре ҳам шабоҳат надошт: вай аз ҳамаи тарафҳояш то ба ҳадди охирин пачак ва маҷақ шуда илова бар ин, ба равғану бензину хоку хас олуда буд.

Ҷасади ҳалокшудагонро Ҷобиров ба шаҳр бурд, то ки хулосаи эксперти тиббиро ҳар чӣ зудтар ба даст оварад.

Сафаров фармуд, ки масофаи байни мошин ва ҷои ҷасади шофёр ёфтшударо чен кунанд. Ин масофа сиюпанҷ метр баромад.

пешина
аз 102
навбатӣ