Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар дуяшон ҳам бачаҳои хуб буданд, ҳам Собиров, ҳам Пашенин, бечораҳо. Афсӯс... Қасофат аз таги пой мебаромадааст-дия.

Мудири хоҷагӣ аз нақл беҳол шуда, ба қаноти хоколуди мошини навомада такя кард.

Майор гапи ӯро аз сар то охир бо диққат гӯш кард. Ҷобиров афту андоми мудирро кунҷковона аз назар мегузаронд. Аз чӣ сабаб бошад, ки афту башараи ин одам, овози борики ӯ ва сари синаашро нолишкунон дошта, якто аз боғу якто аз роғ сухан кардани ӯ ба Ҷобиров маъқул нашуд. Ба хаёли ӯ, дили Пётр Степанович ҳеҷ гуна иллат ҳам надошт. Баъзе одамон танга барин яраро қасдан табақ барин карда нишон медиҳанд, аз афташ, мехоҳанд, ки мардум ба онҳо ҳамдардию дилсӯзӣ изҳор намоянд.

Ҷобиров марди миёнсоли қадпаст буд. Вай ба мудири хоҷагии кон аз поён ба боло тамасхуромез менигарист. Бевзюк ин нигоҳро пайхас карда, даступо хӯрда монд.

Лейтенант Комилов бошад, пошнаи мӯзаашро ба замин молиш дода, аз фикр мегузаронд, ки «Мабодо ҳамин Бевзюк сабабгори фалокат бошад?» Вале ин шубҳаи ӯ зуд пароканда шуд. Вай худро дар дил маломат кард, ки бе асоси кофӣ аллакай аз як кас гумонбар шуд. Ба худ аҳд кард, ки ба пурсиши шоҳидон мудохила накарда, ба ҳама чиз диққат кунад, ҳама чизро таки чашм намояд.

Сафаров пурсид, ки оё онҳо дар ин гирду пеш касеро надидаанд.

— Не, — шитобкорона ҷавоб дод Пётр Степанович.— Ғайр аз ҳамин писарбача касе набуд. Нақши по? Ба нақши по, ростӣ диққат накардем.

— Шимо ягон чиз гуфтанӣ нестед?—пурсид майор аз Шавкат.

— Не,— гуфт шофер. Чеҳраи ӯ дар як соати охир хеле коҳида буд, дастонаш бемадорона овезон шуда буданд.

Нақли писарбача ҳам ҳодисаи торикро ягон қадар равшан намесохт. «Мошин тез-тез мерафт, — такрор мекард ӯ ҳамон гапи аввалаашро.— Сонӣ истод, сонӣ боз ба роҳ даромаду аз назар ғоиб шуд...» Оё

Ба саҳ. 13

пешина
аз 102
навбатӣ