Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Сафаров яке аз дастаҳои пулро бардошта хомӯшона ба лейтенант нишон дод. Вале ӯ ин ишораро ҳам нафаҳмида, ба майор ҳамчунон саволомез чашм дӯхта меистод.
— Нигоҳ кунед, ҳамаи пулҳо наппа-наванд. Пули навро обулой кардан кори ҳазл нест. Ин як. Сониян, ҷинояткорон ният доштанд, кори худро чунон анҷом диҳанд, ки ба назари мардум фалокати роҳ барин намояд. Боз як нуктаро фаромӯш накунед, ки ҷинояткор ба ҳазор ғӯлах оташ монда, аз таки ҳафтод дор гурехта бошад ҳам, дар вақти ҷиноят саросема нашуда намемонад. Ба ҳар ҳол роҳи кон — роҳи калон аст, ҳар замон савораю пиёда гузашта меистод.
Майор папирос даргиронида, суханашро давом кунонид:
— Пеш аз ҳама аниқ кардан зарур, ки Собиров ба кон ҳамроҳи худ чӣ гуна ҳуҷҷатҳо ё чизҳоро мебурд ва дирӯз бо чӣ гуна одамон вохӯрда буд. Шумо, лейтенант, ба банк меравед, шумо, Ҷобиров, ба кон.
Баъди баромада рафтани ёрдамчииаш Сафаров ба сардори идорааш аз аҳволи корҳо ахборот дод.
МУСИБАТИ ЯК ХОНУМИ ҶАВОН
Хонум Элен, духтари яке аз давлатмандтарин одамони як кишвари дур, рӯзҳои хушбахттарини худро аз сар мегузаронд. Дар ҳамин як-ду моҳи охир чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд, ӯро бахт ёр шуду тақдир мададгор. Ба шарофати тағоиаш ҷаноби Уолтер, ки дар як идораи бисёр обрӯманд кор мекунаду аз пиру барнои мамлакат ошно ва дӯстони беҳадду ҳисобе дорад, домоди кори калон ёфт шуд. Сонӣ падари Элен ва тағоиаш аз як гиребон сар бароварда, тӯи арӯсии ӯро бо Оливер Билдинг чунон саховатмандона гузаронданд, ки овозаи базмҳои осмонкафи он бо шабҳои мушакпарронияш дар сар то сари мамлакат паҳн шуда рафт.
Аз рӯзи тӯй ҳанӯз як ҳафта нагузашта буд, ки тағоии меҳрубон арӯсу домодро бо тӯҳфаи аҷоибе сарфароз гардонид: вай ба онҳо ба як мамлакат рухсатномаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё