Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

саёҳат гирифта дод. Боз чӣ гуна мамлакат, гӯед? Иттифоқи Советӣ. Дар он кишварҳо ин хел рухсатнома насиби ҳар кас намешавад, чунки идораҳои давлатӣ фақат ба одамони хеле эътимоднок иҷозат медиҳад, ки ба ин «мамлакати пурасрор» сафар кунанд.

Инак, домоду арӯс дар Маскав. Ростӣ, рӯзи аввали саёҳат Элен андаке ғамгин шуд. Вай дар ватани худ ҳар рӯз мешунид, ки мардуми Иттифоқи Советӣ чил сол инҷониб рӯи нони сериро надидаанд, дар бенавоию торикӣ зиндагонӣ мекунанд, аз бачаҳои мактабхон гирифта, то мӯйсафедони қоматҳамидаашон — ҳамагӣ милтику тиру туфанг бардошта мегарданд, ки пайташро ёфта, ба ягон давлат ҳамла оваранд. Дар ҳақиқат бошад, кор тамоман дигар хел будааст. Дурӯғӣ маҳз будааст ҳамаи он гапҳо.

Ана аз ҳамин сабаб хонуми ҷавон андаке маъюс шуд. Лекин дере нагузашта, завқи саёҳат вуҷуди ӯро фаро гирифт. Элен ҳамроҳи шавҳари маҳбубаш ва боз як сайёҳи ҳамватан Чек Свифт, ки намояндаи яке аз маҷаллаҳои бонуфуз буд, расо ним рӯз метрояш Маскавро тамошо карданд. Сонӣ ба Университети ба номи Ломоносов рафтанд. Аз он ҷо омада, ба планетарий, баъд ба кадом як музей даромаданд.

Рӯзи дигар бо тамошои бозори колхозӣ, концерти филармония ва сайри магазинҳо гузашт. Пагоҳии сеюм онҳо барвақт бархоста ба бандаргоҳи Химки равон шуданд. Онҳо аз манзараҳои табиати атрофи шаҳр нашъа бурда, ба киштиҳое, ки ба дарё шино мекарданд, бо ҳасад нигоҳ мекарданд.

Банохост қарор доданд, ки саёҳати дарё кунанд, алалхусус, ки Волга мӯътабартарин наҳри ин мамлакат аст. Ғайр аз ин, дар сари роҳ онҳо хоҳанд дид, ки Советҳо дар назди Куйбишев ва Сталинград дар ҳақиқат стансияҳои калони электрикӣ месозанд ё худ чӣ тавре ки газетаҳои мамлакати онҳо менависанд, танҳо овозаи ин сохтмонҳо вуҷуд дораду бас.

Ин таклифи аҷоиб аз майнаи Чек баромад. Вай бо домоду арӯс гарав баста буд, ки онҳоро аз Маскав як қадам ҳам берун рафтанӣ намемонанд.

Вале маълум шуд, ки ба саёҳати онон касе халал

пешина
аз 102
навбатӣ