Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Мана, тамоми воқеа ҳамин.
— Пас,— нақли геологро хулоса карда гуфт капитан,— агар гуфтугӯи шуморо бо марҳум кассир касе шунида бошад ҳам, аз тағйири қарори шумо огоҳ набуд?
— Гуфтугӯи моро касе нашунидааст! — бо эътимод гуфт инженер.
— Фарз кардем, ки касе шунида бошад...
— Агар, фаразан, шунида бошад, аз тағйири қарордодамон огоҳ набуд ва имконияте ҳам надошт, ки огоҳ шавад.
— Хуб. Акнун биёед, як ба хотир оварем, ки мусоҳибаи шуморо кӣ метавонист гӯш кунад,— таклиф кард Ҷобиров.
— Ҳеҷ кас!
— Бо вуҷуди он, боз як ба хотир биёред.
— Хайр,— ночор розӣ шуд Восеев ва бо кафи дастонаш пешонаи худро молида монд.
— Официантка мешунид?— пурсид капитан.
— Не. Ҳамин ки ӯ наздик меомад, мо ҷим мешудем.
— Набошад, буфетчӣ?
— Не. Буфетчӣ ҳам аз мо дур ва саргарми кори худ буд.
— Агар дар ёд дошта бошед, аниқтар гӯед, ки дар куҷои шипанг менишастед?
— Дар гӯшаи чап, дар пеши тубаки бедгул.
— Дар атрофи шипанг касе набуд?
Восеев хушашро ғун карда, ба ёд меовард.
— Яке кас буд,— ниҳоят табассумкунон ҷавоб дод геолог.— Насим дар ҳамон қарибиҳо ҷунбуҷӯл карда мегашт. Насим ҷиннӣ. Шумо ӯро мешиносед?
— Мешиносам. Чӣ кор мекард ӯ?
— Чӣ кор мекард?— такрор намуд Восеев ва дақиқае фикр карда гуфт:— Як назарам афтод, ки ба тарафи ошпазхона хезум пуштора карда мебурд. Як бори дигар дидам, ки дар сари кӯча истода, баданашро ба як тарзи хандаовар ҷунбонида роҳгардин занеро масхара мекард. Ҳуллас, бо девонагии худ машғул буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё