Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Шояд гуфтугӯи шуморо ҳамин Насим шунида бошад?
— Не-е шумо чӣ гуфта истодаед? Аввал ин ки вай бечора як девонаи худозадагӣ аст. Сониян, агар солимақл ҳам мебуд, гӯш нею як чизи фавқулодда шунаво лозим буд, ки аз он қадар масофа пичир-пичири моро шунавад.
Дар байн хомӯшӣ ба амал омад.
— Аз шумо боз як чизро пурсиданӣ будам, рафиқ Восеев.
— Марҳамат,— гуфт геолог ва аз ҷо бархоста, ба истакон ним карда об рехт ва бо як култ нӯшида омада дар ҷояш нишаст.
— Шояд шумо ҳам хабар дошта бошед. Мегӯянд, ки вақтҳои охир Собиров дар дил як ғам ё ташвиши тозае дошт.
— Ғам? Ташвиш? Аҷаб, ман нафаҳмидаам-ку.
— Ба шаҳр ҳам зуд-зуд рафта неомадааст.
— «Ба шаҳр» мегӯед? Дар шаҳр? Воҳид чӣ кор дошт?— худ ба худ зери лаб савол дод Восеев. — Не, ман аз ин масъала хабар надорам.
— Қизиқ-ку...— таънаомез гуфт Ҷобиров, — ҳамин қадар сол боз дӯст будед, ҷӯраи қарин будед, аммо пеш аз маргаш аз аҳволи ҷӯраатон хабар надоштед...
Восеев гунаҳгорона табассум кард.
— Ҳа, ин айби ман. Кор чунон бисёр, ки... хусусан ҳамин се чор ҳафтаи охир... Ба сархорӣ даст намерасӣ... Албатта, аз ҳоли дӯст воқиф набудан айб аст.
Дар қиёфаи геолог андӯҳи самими акс ёфта буд. Ҷобиров ба сухани ӯ бовар кард...
Бегоҳӣ капитан дубора ба гараж рафт. Дар он ҷо як самосвали наппа-нав пайдо шуда буд, ки ҳанӯз номер надошт. Дар атрофи мошини нав Шавкат ва мудири гараж ҷунбуҷӯл карда, аз ким-чӣ хусус баҳс мекарданд. Дар ин вақт Пётр Степанович омада, ба мудири гараж муроҷиат намуд:
— Аз пагоҳ намонда, ангишткашониро сар кардан даркор. Мана рухсатнома.
— Мошини холӣ нест, — ҷавоб дод мудири гараж.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё