Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МУАММО

— Биёед, рафиқон, — гуфт майор Сафаров, — як зӯр занем, канӣ нӯки ришта аз куҷо мебарояд.

Майор дар паси столи кории худ нишаста, ба рӯи як варақ коғаз ким-чи хел хатҳо ва нақшаҳо мекашид. Дар кабинет капитан Ҷобиров, лейтенант Комилов ва чанд нафар офицерони дигар ҳозир буданд. Онҳо аз иҷрои супоришоте, ки пагоҳӣ аз майор гирифта бу- данд, бо навбат арз мекарданд.

Ахбороти лейтенанти калон Суриков басо аҷоиб буд. Вай имрӯз чоштгоҳ бародари худро, ки ба меҳмо- нӣ омада буд, ба поезд гусел намуд. Чамадони баро- дарашро «бардошта нагардем» гӯён ба камераи чиз- нигоҳдорӣ супурд. Ба омад-омади поезд тахмин ним соат монда буд, ки онҳо ба камера омада, чамадонро пас гирифтанд. Бародари Суриков дар худи ҳамон ҷо чамадони худро кушода, аз даруни он чизеро гирифт.

— Бинед, бинед, нағзакак тафтиш кунед! — гуфт дар ин вақт хизматчии камера Пётр амак сари худро чун одат аз тирезаи камера берун бароварда.

Бародари Суриков ба ӯ бо тааҷҷуб нигоҳ карда, ча- мадонашро қуфл намуд. Пётр амак ҳамон ғур-ғурку- нон мегуфт:

— Худоё, ба мардуми мо чӣ шуда бошад? Кас изо ме- кашад-е...

Суриков дигар тоқат накарда гуфт:

— Амак, мо чизҳоро тафтиш накардаем. Ҳамин тавр як чиз лозим буд, гирифтем. Наход мо ба шумо бовар накунем? Ин тавр нагӯед, хафа мешавем.

— Хафа шудан чӣ ҳоҷат, писарам, тафтиш кунед ҳам, ихтиёр доред. Дина бегоҳӣ, дар вақти поезди Маскав ҳам як одам омада чамадонашро гирифту чиз- ҳояшро такурӯ карда дид. Хайр-дия, гуфтам ман дар дилам, одами ношинос, мусофир, тафтиш кунад — кар- дан гирад, гуфтам. Зарра барин наранҷидаам. Ҳатто пурсидам, ки оё ба поезд мебарояд ё не. Гуфт, ки ба поезд мебарояд. Набошад, чаққонтар ҷунбед, вақт кам мондааст гуфтам. Раҳмат гуфту рафт.

— Хайр, дар ин чӣ ҷои тааҷҷуб? — табассумкунон пурси Суриков.

пешина
аз 102
навбатӣ