Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Ҷои тааҷҷуб дар ин, ки писарам,— гуфт озурдахотирона хизматчии камера, — он одам ба мани мӯйсафед гапи дурӯғ гуфт. Баъди як соат корро ба шарикам супурда, ба кӯча бароям, ки худи ҳамон «ма-нори дароз» савлат карда якта-якта қадам партофта меравад. Барои чӣ ба ман гапи дурӯғ гуфт? Магар ман бо ӯ шарикмерос будам? Дар дилам як дашноми дастабиринҷӣ кардаму ба роҳам рафтан гирифтам. Дурӯғ гӯяд, ба худаш ҷабр.
— Шумо, Пётр амак, дар кӯчаи Яккабоғ истиқомат мекунед-а?
— Ҳо, кӯчаи Яккабоғ...
— Вай мардак ба кадом тараф рафт?
— Ба хаёлам, ба тарафи анборҳои молфарорӣ тоб хӯрд. Рости гап, худо медонад, ки ба куҷо рафт. Ман дуруст синча накардаам.
— Мардак нанҷа ва логар буд?
Акнун Пётр амак ба чеҳраи Суриков саволомезона чашм дӯхта монд.
— Шумо ӯро мешиносед? — пурсид ӯ ниҳоят.
— Не-е, аз куҷо медонам. Охир худатон ҳозиракак гуфтед, ки «манори дароз»...
— Ҳо, ҳо, қадаш манор барин дароз,— тасдиқ кард Пётр амак.— Худаш логар, сафедрӯй, ҷамадонаш ба хаёлам, ҷилди хокистарранг дошт.
— Хӯш, хӯш, андомаш чӣ гуна буд?
— Андомаш... намедонам. Ҳама барин ду даст, ду пой дошт. Бо даҳонаш гап мезаду бо чашмаш нигоҳ мекард... Биист, писарам, чаро ту аз ман ин қадар гап мепурсӣ? Чӣ кор дорӣ ба он одам? Ҳеҷ кори бад накардааст вай. Фақат чизҳояшро тафтиш карда диду баъд аз кори кардааш шарм дошта, як гапи дурӯғ гуфт, вассалом...
Суриков дар ҳақиқат ҳам ба ин мусоҳибаи худ бо Пётр амак, ба рафтори одами маноркад чандон эътибор надода буд. Аммо вақте майор Сафаров гуфт, ки дирӯз дар соати 22—25 дақиқа дар қарибиҳои вокзал передатчики номаълуме кор карда, бо нуқтаи ноаёне алоқа бастааст, Суриков дарҳол он шахси ношиносро ба хотир оварда, ҳар чӣ аз Пётр амак шунида буд, ҳикоят карда дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё