Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Майор варақеро, ки дар гӯшаи рости болояш «фавқулодда махфӣ» гӯён ишорае гузошта шуда буд, гирифта бо овози паст хонд:
— «Сиҳат саломат расидам ин ҷо тинчист хонаи арӯс мемонам истироҳат сар шуд тағоиро дидам депутат вохӯрдам кӯмак мекунад рӯзи сейӯм вомехӯрем чиян».
— Матнаш кушоду равшан, — гуфт майор.
— Пас, дар куҷои ин сир ҳаст? — бо тааҷҷуб пурсид Комилов, капитан Ҷобиров маънидор табассум карда монд.
Сафаров шарҳ дода гуфт:
— Мехоҳанд, ки диққати дигарон ҷалб нашавад, мехоҳанд мардум гумон кунанд, ки ин телеграммаи муқаррарӣ асту бас. Лекин фаромӯш кардаанд, ки дар гирду пеши он ҷое, ки передатчик кор мекард, шӯъбаи телеграф нест.
— Шӯъбаи дар вокзал буда чӣ? — пурсид бо изтироб Комилов...
— Шӯъбаи алоқаи вокзал фақат то соати ҳашти бегоҳ кор мекунад.
— Рафиқ майор, ман бо дасти худам ба ин ҷо телеграмма супурда будам, — исрор намуд Комилов.
— Гапатон дуруст, лейтенант. Дар он ҷо баъди соати ҳашт ҳам телеграмма қабул мекунанд, вале бевосита аз худи шӯъбаи вокзал роҳӣ накарда, бо телефон ба телеграфи марказӣ медиҳанд, ки он шабу рӯз кор мекунад. Хатои соҳиби передатчик ҳам маҳз дар ҳамин аст, ки ин нуқтаро намедонист.
— Пас, чӣ хел шуд, ки ба матни ин кодограмма диққат додаанд? — пурсид Комилов.
— Аз он сабаб, ки телеграфи шаҳрӣ аз соати бисту ду ба қабули телеграммаҳо гузашта буд. Худи кодограмма ҳам унвони аниқ надорад.
Комилов қонеъ шудагӣ барин дигар чизе нагуфт.
— Мазмуни кодограммаро пай бурдан чандон душвор нест, — гуфт лейтеманти калон Суриков.
— Пас, бигузор рафиқ Комилов мазмуни онро ба мо шарҳ диҳад, — таклиф намуд майор.
Ҳама ба тарафи Комилов рӯй оварданд. Алиҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё