Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
печ дар печ ҳаминро фаҳмидан мумкин буд, ки панҷ кас, яъне кассир Собиров, мудири хоҷагии кон, шофер Шавкат, номзади фанҳо Восеев ва номзади фанҳо Боронов бо кон бевосита алоқаманданд. Аз ҷумлаи номбурдагон кассир ва Восеев инчунин бо шӯъбаи тобистонии ресторан робита доранд.
Коркуни банк Клавдия Воронцова ҳам бо ресторан вобастагӣ дорад. Дар худи ресторан каси бисёре кор мекунад, вале аз байни онҳо майор мудири буфет Айрапетянц, Насим ва официантка Лизаро махсус қайд карда мондааст.
Дар рӯи варақа аломати савол ва дигар аломатҳои мубҳам низ дида мешаванд. Аломати савол ба ҷои передатчики номаълум дахл дорад. Шакли «манор», ки дар як канори варақа кашида шудааст, шахси навҷавони ношиносро тасвир менамояд.
Сафаров нақшаи кашидаашро дафъаи дигар аз назар гузаронда гуфт:
— Мо бояд муаммои мураккаберо ҳал кунем, Аввалан, фаҳмидан лозим, ки ба рӯй додани он фалокат дар роҳи кон кӣ гунаҳгор? Фалокат, албатта худ аз худ воқеъ нашудааст. Ба ин шакке нест. Сониян, муайян кардан даркор, ки гуфтугӯи номзади фанҳо Восеев ва кассир Собировро кӣ метавонист бишнавад? Фарз кардем, ки дар байни ин гуфтугӯ ва фалокати роҳ алоқае ҳаст. Охир, бе ҳеҷ мақсад ба ҷиноят даст намезананд! Ҳуҷҷатҳои Восеев ба касе лозим шудаанд. Вақте ки ӯ ноэҳтиёткорӣ карда дар ин хусус даҳон мекушояд, аз афти кор, шахси бегона шунида мемонад. Хайрият, ки Восеев аз нияташ баргашта, ҳуҷҷатҳоро ба кассир надодааст. Вале ҷинояткорон аз тағйири нияти ӯ ғофил мондаанд. Баъзе одамон ба кони мо кайҳо боз мароқ зоҳир мекунанд. Мо аз пайдо шудани душман бехабар мондаем. Ин айби калони мост, рафиқон. Акнун хеле эҳтиёт шуда кор кардан зарур.
Майор дақиқае ба андеша фурӯ рафт. Шариконаш давоми гапи сардорро чашмдор шуда, сокит менишастанд.
— Боз як чизи номаълум передатчики душман ва ҷои истиқомати он аст. Биёед фикр кунем, ки ҷосус ба шариканаш чиро хабар додан мехост?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё