Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Хуб!
— «Ҷиян» киро «Депутат» номидаасту киро «таго»? Шояд, яке аз онҳо мудири буфет ё Насим бо-шад? Ё Пётр Степанович Бевзюк?
— Чӣ? Бевзюк?— бо тааҷҷуб нидо баровард Ко-милов.
— Ман гуфтам, ки шояд Бевзюк бошад,— такрор намуд Сафаров.— Аниқ кардан даркор, ки чӣ тавр шуда таппончаи кассир ба дасти ӯ афтодааст. Эҳтимол, ба шаҳр беяроқ рафтани Воҳид Собиров ба касе ло-зим шуда бошад. Шояд Пётр Степанович тадбире ан-дешида, таппончаи кассирро гирифта монда бошад.
— Ба ин боварии кас намеояд,— изҳори ақида на-муд касе аз ҳозирон.
— Гуфта намешавад-дия. Олами ҳодис, мегӯянд. Мо бояд ҳар навъ шубҳаро бо диққат таҳқир кунем.
— Агар Бевзюк душман мешуд, магар таппончаро ихтиёрӣ оварда месупурд?— гуфт Комилов.— Охир ҳеҷ кас намедонист, ки таппонча дар дасти вай аст...
Ба ин савол Ҷобиров ҷавоб дод:
— Ҷинояткор одатан зӯр мезанад, ки коре карда бовариро соҳиб шавад.
— Ман Бевзюк ҷинояткор гуфта тасдиқ накарда-ам,— оромона изҳор намуд майор.— Ман гуфтам, ки шояд ӯ низ ба ин ҳодиса дахл дошта бошад... Ба ҳар ҳол бори дигар санҷидан лозим. Шумо, капитан,— ӯ ба Ҷобиров рӯй овард,— бо ҳамин кас машғул меша-вед. Лейтенант Комилов бошад, мушоҳидаи худро аз паи Клавдия Воронцова давом медиҳад. Ғайр аз ин... Не, ин корро ман ба ӯҳдаи худ мегирам. Комилов, шу-мо ҳамроҳи лейтенант Макрушев ба коркунони ресто-раҷ ҳам назорат мекунед.
— Фаҳмидам, рафиқ майор.
— Барои дигарон ҳам кор ёфт мешавад, рафиқон. Мо бояд фаромӯш накунем, ки разведкаи хориҷа аз ихтирооти Восеев ва Боронов огоҳ мебошад. Фоҷиаи дар роҳи кон рӯйдода далели ин аст. Мумкин, душман бори дигар барои фаҳмидани сирри ихтироот ҷадал кунад. Бинобар ин аз инженерон Восеев ва Боронов ва ҳуҷҷатҳои онон эҳтиёт шудан шарт. Ин корро ҳам ба шумо месупорем, капитан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё