Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БЕБАРОРИ

Комилов имрӯз ба иҷрои супориш мебоист ҳамроҳи лейтенант Макрушев мебаромад. Макрушев ба шаҳр ба ҳамин қарибӣ омада буд. Ӯро фақат чанд нафар ҳамкорони наздикаш мешинохтанду бас.
Ҳар ду офицер ба ресторан паси ҳам омаданд. Макрушев шими сафед ва куртаи гулдӯзии украинӣ пӯшида буд. Вай аз як гӯшаи шипанг ҷой гирифт. Баъди чанде ба наздаш официантка омад. Лейтенант сар то пои ӯро бо нигоҳи шӯхи кунҷковона аз назар гузаронд. Духтарак аз ҳаё сурх шуд. Аз афти кор, нигоҳи ҷавон ошкоро мегуфт, ки андоми духтарак дилнишин асту либосҳои озода ва нафисаш ба қадду қомат ва чеҳраи зебояш басо шинам афтодаанд.
Бо вуҷуди ин, духтарак гӯё чизе пай набурда бошад, варақаи номгӯи таомҳоро ба қиёфаи бепарвоёна ба ӯ таклиф намуд.
Макрушев варақаро дуру дароз аз назар гузаронд. Ниҳоят, миқдори пиво ва кабоб фармуд.
— Ҳамааш ҳамин?— пурсид официантка.
— Хайр каме арақ ҳам бидиҳед, — табассумкунон гуфт ҷавон. Ростӣ, супориши иловагӣ ба духтарак писанд афтод. Охир вай ҳам дар кори худ плане дошт, ки онро мебоист ҳар рӯз ҳатман иҷро мекард.
Дере нагузашта ҷавонмард қадаҳи холиро ба духтарак баргардонид ва хоҳиш намуд, ки боз пур карда биёрад. Баъди нӯшидани қадаҳи дуввум ҷавон ба гап даромад. Пас аз муддате ӯ фаҳмид, ки номи духтарак Лиза ва ресторани онҳо беҳтарин ошхонаи шаҳр будааст. Духтарак ҳам фаҳмид, ки ҷавони ситорагарм ба шаҳри онҳо ба наздикӣ омадааст, дар комиҷроия ба кор хоҳад даромад, номаш Григорий аст, худаш муҷаррад ва аз ин сабаб минбаъд ҳам дар ҳамин ресторан хӯрок мехӯрад.
Вақте ки Макрушев бо официантка саргарми сӯҳбат буд, Комилов бо мудири зали ресторан Мария Филипповна гуфтугӯ мекард. Комилов ин занакро кайҳо боз мешинохт. Вақте ки ӯ дар комитети шаҳрӣ кор мекард, чандин маротиба онҳо бо ҳам вохӯрда буданд. Мария Филипповна ба саволҳои Комилов бо хоҳиши

пешина
аз 102
навбатӣ