Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бо тамоми тафсил ва муфассал ҷавоб медод. Аз гуфтаҳои ӯ чунин хулоса мебаромад, ки ҳамаи коркунони ресторан
— чи Лиза Сечкина, чи мудири буфет Айрапетянц ва дигарон одамони боэътимоданд.

Дар хусуси Насим бошад, хоҷати гап нест. Вай як девонаи шӯрбахт асту бас. Насим баҳори соли гузашта пайдо шуд ва ба обкашонӣ, ҳезумкафонӣ, рӯбучин ва дигар корҳои хоҷагии ошхона кӯмак карда рӯзи худро мегузаронд. Дере нагузашта ба коргарони ошхона унс гирифт. Вай ҳеҷ намепурсид, ки ба ивази кораш моҳона медиҳанд ё не, умуман аз зиндагонии худ бепарво буд. Моҳонаи ӯро ба ҷои ӯ дигарон бо навбат гирифта, бароиш сару либос мехариданд, маишаташро дуруст мекарданд.

Насим дар вақтҳои холиаш, гоҳо дар вақти кор ҳам, агар ба меҳнат хушаш наояд, ба саёҳати шаҳр мебаромад, дар кӯчаю бозор гардиш мекард, сурудҳои аз худ бофтаашро мехонд, дар ҳар ҷо-ҳар ҷо издиҳоми бачаҳо ва роҳгузаронро ғун карда, ваъз мегуфт, аз «навигариҳои» кӯҳнашудаи техника нақл мекард, бераҳмии духтурҳоро мазаммат менамуд. Агар оҳанги форамеро шунида монад, дар куҷове ва дар кадом ҳолате набошад, бо ваҷду сурур мерақсид.

Насим дар кулбае, ки бо ошхона ҳамшафат аст, зиндагонӣ мекард. Пештар ин кулба ангиштхона буд.
Ҳангоме ки дар ошхона оташдонҳои нав сохтанд, ин кулба холӣ шуд ва Насим дар он ҷо манзил гирифт.

Мария Филипповна ҳанӯз дар хотир дорад, ки Насим рӯзи аввалин бор моҳона гирифтанаш чӣ гуна аз шодӣ худро гум карда буд. Вай як соати том дар атрофи ошхона рақсид ва ашӯла хонду банохост ғоиб шуд. Пагоҳӣ дигар ходимони ошхона ба кор омада, шипанги ресторанро базӯр шинохтанд. Ба дару девор ва сутунҳои шипанг даҳҳо плакатҳои рангоранги танҳо доир ба чорводорӣ овехта шуда буд.

— Ин кори кист? — бо ҳайрат пурсид директор аз коркуноне, ки зинати шипангро тамошо карда қоҳ-қоҳ механдиданд.

Насим синаи худро бо ифтихор пеш дамонда гуфт:
— Ман овардам!

Ходимони ресторан вақти бисёре сарф намуда,

пешина
аз 102
навбатӣ