Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ҷавони навҷа. —
Мо аз наздикиҳои баҳри Хазар мешавем.
«Рости гапро гуфта маро фиреб додани аст» аз дил гузаронд Комилов ва бо овози баланд таклиф намуд:
— Хайр, ба хона дароем-чӣ.
Алиҷон аз счётчики электр миқдори қувваи истеъмолшударо фаҳмида, квитансия навишта дод ва китобчаи квитансияро ба портфеле ки аз рӯи эҳтиёт ҳамроҳ гирифта буд, андохт. Дар ин асно портфел аз дасташ афтоду чизҳои дар он буда ба рӯи фарш пош хӯрд. Комилов коғазҳояшро ғундоштан гирифт. Соҳиби хона ба ӯ ёрӣ мерасонд. Вай китоби «Абай» ва фотоаппарати наппа-нави «Зорький»-ро бардошта ба Алиҷон дароз кард.
Комилов аз лавандии худ хиҷолат кашид.
— Бисёр китоби аҷоиб будааст, — гуфт ӯ. — Як ба хондан, ки даромадед, дигар аз даст монданатон намеояд. Вақти холӣ, ки пайдо шуд, дарҳол гирифта мехонам.
— Кори шумо бисёр соз будааст, — лабханде карда гуфт ҷавони навҷа ва фотоаппаратро нишон дода пурсид: — Инро барои чӣ бардошта гаштаед?
— Навакак харидам, ҳоло худам дуруст ёд нагирифтаам.
— Қанӣ ба ман диҳед, — хушҳолона гуфт соҳиби хона ва аппаратро ба тарафи Комилов рост карда, сурат гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё