Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
«Бало будааст-дия, хонасӯхта!» аз дил гузаронд Комилов.
— Акнун ман сурати шуморо мекашам, — гуфт ӯ аппаратро ба даст гирифта. Соҳиби хона рӯи худро бо дастонаш паноҳ карда, саросема гуфт:
— Не, не, ман сурат гиронданро нағз намебинам, хосият надорад, мегӯянд.
— Не, биистед, — эътироз намуд Комилов.— Кор ин тавр нашудааст-дия. Шумо сурати маро кашидед, акнун ман аз они шуморо...— Вай инро гуфта истода, фурсати муносибе пайдо карду сурати ҷавони навҷавонро кашид.
Алиҷон дар кӯча роҳравон фикр мекард, ки ҳоло рафта сурати кашидаашро тайёр мекунад. Вай чӣ гуна маҳву мот шуда мондани сардор ва дигар шариконашро ба худ тасаввур намуда, қабат-қабат гӯшт мегирифт.
Баъди соате Алиҷон ба кабинети Сафаров ворид шуда, сурати ҳозиракак тайёр кардаашро ба пеши сардор гузошт.
Майор ба Алиҷон мутаҳайирона чашм дӯхт.
— «Манор», ё ба ибораи дигар, «Чиян» ана ҳамин аст, — хушҳолона хитоб намуд Комилов ва воқеаро нақл кард.
Сафаров сухани лейтенантро набурида, нақли ӯро оромона гӯш кард. Аммо дар рафти нақл нигоҳи ӯ торафт сард ва парешон мегардид.
Вақте ки лейтенант ҳикояашро ба поён расонд, майор ба соаташ нигоҳ кард.
— Шумо расо чоряк соат гап задед, — гуфт ӯ, — ва ҳол он ки ҳамаи воқеаро дар ду ё зиёдаш — дар се дақиқа пурра нақл кардан мумкин буд. Ин ҳам ҳеҷ гап не. Ман аз он хафа, ки ноэҳтиёткорӣ кардаед. Аввал ин ки агар шавҳари Лиза Сечкинаро санҷиданӣ шуда бошед, мебоист худатон ба пешаш нарафта, ин корро ба воситаи шахси дигар анҷом медодед. Сониян, моҷарое ки бо фотоаппарати худ барпо кардед, чандон кори зиракона нест. Ҷосус аной аст магар?.. Ғайр аз ин, худатон ба ин тараф бепарво омадеду назорати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё