Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Манор»-ро ба касе несупурдед. Ӯ дар ин муддат, агар мехост, ба ким-куҷоҳо гурехта мерафт, ё чунон пинҳон мешуд, ки дигар ному нишонашро пайдо карда натавонед. Лекин ман аминам, ки ӯ ба ҳеҷ ҷо намегурезад: «Манор»-е ки шумо ёфта омадед, он «Ҷиян» нест... Хайр, ба ҳар ҳол ин расмро бурда, ба Пётр амак нишон диҳед.

Пас аз чанд дақиқа Алиҷон дар вокзал буд. Вай ба камераи чизнигоҳдорӣ омада, Пётрамакро чег зад. Пирамард айнакашро ба болои бинии худ савор карда, сурати Алиҷон додаро дуру дароз аз назар гузаронид.

— Хайр, ин кӣ будааст? — пурсид ниҳоят пирамард.

— Магар нашинохтед? — навмедона гуфт Комилов.

— Не.

— Охир, вай соҳиби чамадони ҷилддор, ҳамон йигити навҷае ки шуморо ранҷонда буд...

Мӯйсафед айнакашро ба пешонӣ бароварда, бо оҳанги коҳишомез гуфт:

— Маро, писарам, ҳеҷ кас наранҷондааст. Ман ҳайрон, ки дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ гап несту шумо одамонро ташвиш дода гаштаед. Э, монед-е!..

«МАГАР БА ТӮЙ МЕРАВӢ, ШАВКАТ?»

Шавкат мошини худро дар сари чашма нигоҳ дошта, об нӯшид, дастурӯяшро шуст ва шиму куртаи тозаашро аз кабина гирифта пӯшиду дар пеши оиначаи кабина нишаста, мӯйсари фаххак шудани худро бо диққат шона кард.

Ба назари Шавкат, ки ба гашти тези мошини сабукрав одат карда буд, ин самосвал дар роҳи ҳамвор гӯё сангпуштвор мехазид.

Роҳи пурпечухами кӯҳсор дар ақиб монд. Акнун аз ду тарафи роҳ қатори тутҳои каллак кардашуда ва дар паси он боғот ва пахтазори васеи колхоз тӯл кашида буд.

Дар қарибии даромадгоҳи шаҳр автоинспектор меистод. Ӯ аз дур ба Шавкат ишора намуд, ки биистад.

пешина
аз 102
навбатӣ