Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ранҷишомез оҳе кашиду ба самосвали дар канори роҳ мондаи ҷавон дақиқае мутафаккирона нигоҳ карда истод. Баъд гӯё ба тақдири носозгори худ тан дода бошад, худ ба худ зери лаб чизе гуфта даст афшонд ва қуттичаи картонии пулдорро ба пешаш гирифта, пулҳои онро шумурдан гирифт.
Комилов шакке надошт, ки «Арӯс»-и пурасрор ё официантка Лиза Сечкина аст ё Клавдия Воронцова. «Чиян» бечунучаро бо яке аз ҳамин соҳибҷамолони шубҳаангез алоқа дорад. Қоссири марҳум низ фақат бо ана ҳамин духтаракон ошной дошт. Беҳуда нагуфтаанд: «Он ҷо ки парирӯест, деве бо ӯст».
Алиҷон бо ҳамин далелҳо қарор дод, ки бори дигар ба назди Воронцова дарояд. Ростӣ, вай дар ёд дошт, ки майор «бо қоссири банк худам машғул мешавам» гуфта ваъда дода буд. Бо вуҷуди ин Алиҷон аз нияташ барнагашт, чунки ӯ хаёл мекард, ки агар ба кори як кас ба ӯҳда гирифта ду кас часпад, он кор зудтар ва хубтар анҷом мепазирад, алалхусус ки майор, бечора, бисёр серкор аст, ба сар хоридан дасташ намерасад...
Комилов таксиро савор шуда, ба ронанда мухтасар супориш дод:
— Кӯчаи Пушкин!
Дар роҳ лейтенант тафсилоти мулоқоти аввалинашро бо Воронцова ба ёд меовард. Ҳамон рӯз чӣ хел ранги рӯи духтарак канда буд! Баробари аз Воҳид Собиров сухан оғоз карданаш гӯё ба вуҷуди духтарак ларза афтод. Лекин бало будааст, хонасӯхта! Худро навъе карда ба даст гирифт. Ба ҳар ҳол Алиҷонро фириб дода наметавонад. Аз кабинет саросема баромада рафтанаш — ба кӯр асо барин — равшан гуфта истодааст, ки духтарак тарсид. Тарсид, ки ҳозир Комилов ба пурсуҷӯ медарояду дар фалокати роҳи кон шарик буданаш ошкор шуда мемонад.
Сардори банк Воронцоваро чун коркуни меҳнатдӯст ва қобилу ҳалим тавсиф намуд. Дар воқеъ ҳам Клава барин одамон бояд дар кор ибрат нишон диҳанд, вагарна ба амал баровардани нақшаҳои ниҳониашон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё