Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
амри маҳол мешавад. Чаро Клава бо одамон мулоқот ва рафтуомад намекунад? Чунки барои ӯ вақт қимат аст. Вале, вақт қимат. Аз ҳамин сабаб ҳам дар ресторан хӯрок мехӯраду фурсатро ғанимат дониста супоришҳои «Чиян»-ро иҷро мекунад. Шояд дар ресторан ӯ бо шариконаш мулоқот кунад, масалан, бо Айрапетянц ё Насим?
Не... Айрапетянц ва Насимро аз шубҳа озод кардан мумкин. Ба гумон, ки аз дасти ин одами лаванди фақат дар савдо чолок ва он девонаи худозадагӣ ягон кор ояд. Хӯш, балки Клава дар ресторан бевосита бо худи «Чиян» мулоқот мекунад? Ё рафту боз ягон миёнарави дигар бошад?
Ин гиреҳи сарбастаро чӣ навъ карда бояд кушод?
Ногоҳ ба майнаи лейтенант фикри аҷибе пайдо шуд. Вай қарор дод, ки ронандагони таксиро аз як сар пурсида барояд, ки оё дирӯз баъди соати даҳи шаб як марди навчаи лоғари ҷамадони ҷилдаш хокистарранг доштаро савор кардаанд ё не? Ин кор чандон душвор нест, чунки шаҳри онҳо ҳанӯз он қадар бузург нест, ки таксии беҳадду ҳисоб дошта бошад, илова ба ин шабона фақат як қисми таксиҳо навбатдорӣ мекунанд.
Қори Алиҷон омад кард. Ӯ аз мошини аввала фаромада, ба таксии дуюм савор шуда буд, ки ронандаи он ҳуҷҷати шахсии Комиловро аз назар гузаронда, ба рӯяш чашм дӯхту бо қиёфаи ҷиддӣ ҷавоб дод:
— Бале, ҳамин хел одамро савор карда будам. Дар пеши вокзал савор шуду дар кӯчаи Ботаникӣ фаромад.
— Дар куҷо фаромад? — такроран пурсид Комилов аз ҳаяҷон як қад парида.
— Дар кӯчаи Ботаникӣ, дар назди бинои нави калони аркдор.
Уҳ, сабил-е! — худ ба худ ғур-гуркунон гуфт Комилов. — Охир гумонам рост баромад-а! Воронцова ҳам дар ҳамин ҳавлӣ истиқомат мекунад.
— Дар воқеъ, — гуфт ронандаи таксӣ, — пеш аз шумо ҳам як кас он шахсро пурсида буд.
— Чӣ хел «кас»? — бо ҳавотир пурсид Алиҷон.
— Ҳуҷҷати вай кас ҳам азони шумо барин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё