Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бо ҳарорат мегуфт лейтенант Комилов.— Ман гуфта-му шумо шунидед: гиреҳи муамморо ҳамин духтарак мекушояд. Аз назари аввал ӯ ба ман шубҳанок намуд. Бар болои ин, соҳиби чамадон ҳам аз вокзал рост ба пеши ҳавлии Воронцова омада фаромадааст.

Майор сарашро болову поинкунон ҷунбонида менишаст, аммо маълум набуд, ки ӯ фикрҳои Алиҷонро маъқул ёфта сар меҷунбонад, ё худ бо ягон андешан дигар банд аст.

— Рафиқ Суриков, шумо чӣ фикр доред? — гуфт ӯ ниҳоят сар боло карда.

Суриков даме таваққуф карда истоду гуфт:

— Дар пеши ҳавлии аркдори кӯчаи Ботаникӣ аз таксӣ фаромадани марди маноркад тасодуф аст.— Баъд танҳо ба Алиҷон муроҷиаткунон суханашро давом дод: — Мо дар ин ҷо ҳисоб карда баромадем, ки соҳиби чамадон ин қадар «сайру саёҳатро» фақат барои роҳгум занондани таъқибкунандааш мекард. Ғайр аз ин, Алиҷон, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ рост ба назди шарики худ намераванд, не, ҳаргиз рост намераванд,— таъкид карда гуфт Суриков.

— Рафту онҳо мулоқот карда бошанд? Охир шумо аз куҷо медонед? — исроркунон мегуфт Комилов.

Сафаров ба гуфтугӯи ду офицер мудохила накарда менишаст.

— Ҷои мулоқот кам аст магар? — гуфт Суриков.— Онҳо имконият доранд, ки истиқоматгоҳи ҳамдигарро маълум накарда, дар ягон ҷои назарногир вохӯранд, ё баръакс дар ҷое ки ҳеҷ ба хаёли мо намеояд.

— Аҷаб... худ ба худ зери лаб гуфт Комилов ва ба Суриков нигоҳ карда давом намуд: — Қиёфеи Воронцова ҳеҷ аз пеши назарам намеравад. Ҳамин ки номи кассири конро ба забон гирифтам, ранги рӯяш сап-сафед канд. Охир агар бими фош шудан небошад...

Сафаров охир ҳам худдорӣ карда натавониста хандид. Сухани Алиҷон ба даҳонаш монд. Комилов сабаби хандаи сардорро надониста, ба атроф нигоҳ мекард. Ногоҳ, назараш ба китоби қоғазпеч афтод. Ин китобҳоро ӯ дар куҷо дида буд, аз афти кор... Ҳа, дар бағали Шавкат дида буд, вақте ки ӯ аз банк мебаромад. Пас, Шавкат ба ин ҷо омада будааст.

пешина
аз 102
навбатӣ