Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз зани аввалааш ба воситаи суд ҷудо шуда бошад ҳам, ӯ Пётр Степановичро пайваста дунболагирӣ карда, ба ҳар куҷое наравад, пайдо карда, айшашро талх ва рӯзашро сиёҳ мекунад. Чанд моҳ аст, ки Бевзюк бо зани дуюмаш дар кон истиқомат дорад, зиндагониаш хуш мегузарад, аммо ӯ шабу рӯз дар тарсу ваҳм аст, ки зани аввалааш дар ҳамин ҷо ҳам пайдо шуда намонад.

Гапи Бевзюк ба ҳақиқат наздик барин менамояд, аммо инро ҳам тафтиш карда дидан лозим.

Буфетчӣ Айрапетянц, официантка Сечкина ва шофёр Шавкатро низ аз шубҳа озод кардан мумкин аст.

Насим чӣ? Насими бечора, рости гап, на тарҷумаи ҳол дорад, на ҳуҷҷате ба ҷуз варақаи беморӣ дар касалхона. Ду сол муқаддам, ӯ дар касалхона чанд ҳафта хобидааст ва ҳоло ҳам гарчи чун девонаи беозор озод мегардад, дар ҳисоби ҳамин касалхона мебошад. Аркадий Кузьмич Чуприн духтури бисёр донишманд ва машҳур аст ва ба гумон аст, ки ӯ дар масъалаи бемории Насим иштибоҳ карда бошад.

Пас, Насим ҳам аз шубҳа берун аст.

Сафаров ба рӯи стол ҳам шуда, сарашро ба кафи даст такя дода менишаст.

Дар рӯи стол як варақ қоғази пур аз аломату нақшаҳои гуногун мехобид. Ин худи ҳамон варақе буд, ки парерӯз дар ин ҷо мехобид. Аммо дар сафҳаи он акнун хеле дигаргуниҳоро дидан мумкин. Номи мудири хоҷагӣ Бевзюк ва шофёр Шавкат, сарҳарфи номҳои Воронцова ва ходимони ресторани тобистонӣ — Айрапетянц, Сечкина ва Насим хат зада шудааст. Фақат дар атрофи доирачае ки аломати шартии вокзал мебошад, инчунин ба гирди як аломати савол, ки ба ҷои передатчики номаълум ишора мекунад, бо қалами сурх хатти ғафсе кашида шудааст.

Аҷаб як ҳодисаи печдарпече! Ҳанӯз маълум нест, ки «Депутат» кисту «Тағо» чӣ махлуқест? «Арӯс» кадом асту «Ҷиян» дар куҷост?

Ҷустуҷӯи меҳмонони нохондаро, аз афти кор, аз нав сар кардан лозим меояд.

Занги телефон баланд шуд. Сафаровро занаш дар хона мунтазир аст. Таом хунук шуда рафт, бачаҳо ҳар

пешина
аз 102
навбатӣ