Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Офицер китф ба ҳам кашида, ҷавобе надод.

— Хуб, мебинем, месанҷем, — гуфт майор ва пакети офицер овардаро кушода, матни кодограммаро саросема хонд.

«Ғами зимистон хӯрдагӣ аввали ҳафта тӯй чиян» — навишта шуда буд дар он ҷо.

— Имрӯз шанбе, — худ ба худ зери лаб гуфт майор. — Пас тӯяшон пасфардо будааст-дия. Зор монад, фурсат чӣ хел танг! Ҳамин қадар вақт барабас рафт... Тӯй... Тӯятон илоҳӣ ба азо гардад.

Баъди муддате Комилов, Суриков ва Макрушеви ба истироҳат рафтагӣ дар идора ҳозир шуданд.

Нохост ба кабинет Ҷобиров ҳам даромада омад.

— Шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед? — пурсид аз ӯ майор.

— Восеев дар шаҳр коре доштааст. Ҳамроҳаш омадам.

— Ман пурсидам, ки ба идора барои чӣ омадед?

— Дар роҳ мошини моро тирборон карданд. Ҳаминро арз кардаӣ омадам.

— Дар куҷо?

— Ягон даҳ километр дур аз шаҳр... Аҷобаташ дар ин ки дар ҷои қариб тамоман кушоди яланг ҳамла карданд.

— Безарар-мӣ?

— Ҳо, ба мо осебе нарасидааст. Фақат чанд ҷои мошин «ҷароҳат»-нок шуд.

— Кӣ будааст?

— Номаълум.

— Таъқиб накардед?

— Кардем, рафиқ майор, лекин то ба сари теппа баромадани мо фурсате гузашт ва дар атроф дигар ҷонзоде набуд. Ҳаво ҳам хело торик шуда буд.

— Афсӯс, — гӯён майор оташинона даст афшонд.

— Акнун мақсади душман аён шуд, — гуфт Макрушев. Ба онҳо инженер Восеев ва ихтирооти ӯ лозим будааст.

Дақиқае хомӯшӣ ба миён омад. Сафаров дар байни столи худ ва тирезаи кабинет бо сари хам қадам мезад.

— Не, — гуфт ӯ ногоҳ аз қадампартой бозистода. —

пешина
аз 102
навбатӣ