Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сафаров қаду басти газгӯшт, вале маҳкаму бардами лейтенантром аз назар гузаронда, ба нишастан таклиф намуд, баъд воқеаро баён кард:
— Ҳозир як ходими ГАИ* телефон кард. Дар роҳи кон мошине ба ҷарӣ сарнагун рафтааст. Бисту ҳашт чакрим дуртар аз шаҳр. Ёд доред, дар он ҷо як харсанги калоне ҳаст ва роҳ якбора ба рост тоб мехӯрад?
— Ҳо, рафиқ майор, ёд дорам.
— Ходими автоинспекция ба ҷои воқеа рафта будааст, тафтиш гузарондааст. Ҳулласи калом, ин фалокат ба вай як қадар асрорангез менамояд, барои ҳамин ба мо муроҷиат кард.
Комилов бо ишораи сар фаҳмонид, ки аз таки гап пай бурд.
— Ягон кас ҳалок шудагист? — пурсид ӯ.
— Ҳалок шудаанд, ду кас.
— Шояд касе қасдан карда бошад?
— Аз ин ҷо истода, ҳукм кардан душвор аст, — китф ба ҳам кашида гуфт майор. — Барои ҳамин ҳам шуморо даъват кардам. Тайёр шавед, меравем.
— Ман тайёр.
Сафаров аз рӯи одати деринааш қуттиҳои столро бори дигар аз назар гузаронда, ба маҳкам будани онҳо қаноат ҳосил кард, баъд бо қадамҳои тез ва бардам аз кабинеташ баромад.
Дар пеши дарвоза мошин мунтазир буд. Дар назди он капитан Чобиров меистод. Дар дасти ӯ ду фонусчаи электрикӣ буд, ки яктаашро ба Сафаров дароз кард. Майор фонусчаро гирифта ба Комилов, ки дар паҳлуяш меистод, таънаомез нигарист.
Комилов маънои нигоҳи сардорро фаҳмид ва рухсат пурсид, то ки рафта фонуси худро биёрад.
— Зудтар! — таъкид намуд Сафаров.
Дар осмон ягон-ягон ситораҳо пайдо мешуданд. Пардаи торикӣ оҳиста-оҳиста ҳама ҷоро фаро мегирифт. Ба хотири Сафаров расид, ки имшаб бояд аз болои шаҳр ҳамроҳи сунъии замин гузарад. Замони аҷоиб... Писарчаи шашсолаи ӯ ҳам ҳар рӯз мегӯяд, ки

  • Инспекцияи давлатии автомобилҳо.
пешина
аз 102
навбатӣ