Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

калон шавад, лётчик мешавад, сони ба ягон мушаки бисёр калон савор шуда, ба Моҳ парвоз мекунад. Аҷаб замоне...

Дар чеҳраи майор табассум дамид, вале зуд қиёфааш ҷиддӣ шуд... Бале, замон-замони мо, замони онҳоест, ки фардои башарро дурахшону фирӯз дидан мехоҳанд ва дар роҳи ин матлаб ҷадал мекунанд. Ба душманон ин маъқул нест аздусар. Инак, ҳалал расониданӣ мешаванд. Шояд, фалокати роҳи кон ҳам кори онҳо бошад? Кӣ медонад... Эҳтимол шубҳаи ходимони автоинспекция беасос набошад...

Комилов ҳарсасзанон аз бино баромада омад ва аз қафои мошин, аз паҳлуи Чобиров ҷой гирифт.

Дар ҷои воқеа ду коркуни автоинспекция, Пётр Степанович ва Шавкат мунтазир буданд. Каме дуртар аз онҳо чанд нафар роҳгузар ва сокинони деҳае, ки як-якуним километр болотар аз роҳ, дар нишебии кӯҳ воқеъ гардидааст, меистоданд. Бачаи Шавкатро нигоҳ доштагӣ ҳам дар ҳамин ҷо буд. Вай хурсанд буд, ки шоҳиди ягонаи воқеа мебошаду тафсилоти онро ҳама аз ӯ мепурсанд.

Пётр Степанович саросема ба назди Сафаров омад ва саволи ӯро мунтазир нашуда, ба нақл даромад.
— Ман дар кон мудири хоҷагӣ шуда кор мекунам. Пётр Степанович Бевзюк номам. Мана ҳуҷҷатам. Ана ин ҷавон — шоферамон рафиқ Шавкат, — инро гуфту ба тарафи Шавкат ишора намуд ва сари дилашро дошта, сахт-сахт нафас гирифта, суханашро давом кунонид: — Мебахшед, дили ман як иллати кӯҳна дорад, ҳамин ки ба ҳаяҷон омадам, корам чатоқ. Духтурҳо мегӯянд, ки... Ҳа, дар воқеъ, мо ба шаҳр равона будем. Баногоҳ як бача аз пеши роҳ пайдо шуда монд... Канӣ ӯ? Ҳа, мана дар ин ҷо будааст... Уҳ шайтон-е. Қариб ба таки мошин монда буд. Шавкат ҳушёрӣ карду сахт тормоз дод, — дар ин ҷои нақлаш Пётр Степанович ба пешонии худ даст бурда, ғурричаи соате пеш дар он ҷо дамидаро молида монд. — «Ҳа, чӣ гап?» гуфта пурсидем. Забонаш гирифта, ким-чиҳо мегуфту тарафи ҷариро нишон медод. Ниҳоят, ба таки дара дурусттар нигоҳ карда, чӣ будани гапро фаҳмидем. Ақли кас бовар намекунад, рафиқ майор.

пешина
аз 102
навбатӣ