Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Майор гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошт.
Комилов фармон гирифт, ки фавран ба қишлоқи Баландтеппа равон шавад. Рафтуомад қариб дусад километр. Чор соата роҳ. Вай бояд саргузашти Насимро аниқ фаҳмида, аз ҳамин ҷо ба идора телефон кунад.
Муаллима Сафаровро танҳо гузошта, дари хонаи ҳамсояаш Антонина Семёновнаро кӯфт, то ки андаке намак бигирад. Намак кайҳо тамом шуда будаасту муаллима бехабар мондааст. Лекин ноомади корро бинед, ки дар хонаи ҳамсоя ҳам намак набудааст. Антонина Семёновна аз остонаи квартирааш берун набаромада ва муаллимаро ҳам ба дарун таклиф накарда ҳамин тарз ҷавоб дод.
Маълум шуд, ки «домод» дар хона будааст.
Сафаров ба муаллима изҳори миннатдорӣ намуду хайрухуш карда ба кораш рафт.
ШАБИ НООРОМ
Мошин бо роҳи ҳамвор пеш медавид. Аз ҳар ду тарафи роҳ гоҳ палҷаҳои пуроби шолипоя, гоҳ қамишзор ва гоҳу қитъа-қитъа марғзорҳо намодор шуда, зуд дар ақиб мемонданд.
Боди серуне ба сару рӯ мезад. Мошин тахтаю ғӯлаҳои кӯпрукеро тақаррос занонда аз болои наҳр гузашт. Комиловро кайҳо боз чизе озор медод. Вай шаввоси оби наҳрро шунида, сарфаҳм рафт, ки ин чизи озордиҳанда ташнагӣ будааст. Дар хона шикамашро сер карда акнун пиёлаи чойро ба даст гирифта буд, ки ба идора чег заданд. Дар хонаи муаллима ҳам чои хуштаъми кабуд дар пиёла нонӯшида монду ӯ ба ин тараф шитобид.
Алиҷон ба оринҷи шофер даст расонда қариб буд, ки «Як дам нигоҳ дор!» бигӯяд. Аммо баробари саволомез нигоҳ кардани шофер таъиноти майор ба ёдаш расиду аз қарори худ гашт ва гуфт:
— Тезтар ҳай кун, ҷӯра. Роҳ ҳамвор ку!
Аз дур арки чӯбине намодор шуд, ки ба шакли дарвоза сохта ва пояҳояшро бо алвони шиорнок печонида,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё