Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
майор дар як он гузаштанд. Рақами мошини Шавкатро ба Ҳотам Ҳомидов бешубҳа яке аз шариконаш хабар додааст. Вай ба ҳофизаи харобшудаи пирамард бовар накарда, он рақамро ба таври аёнӣ — дар шакли ду хел пули майда додааст, ки мабодо фаромӯш карда, корро расво накунад. Ҳотам бошад, баъди буд шудани кораш чӣ кардани тангаро надониста ва аз чирингос зада дар кисааш садо додани он ноором шуда, онро ба печкаи бекорхобида партофтааст. Албатта, агар пешомадашро медонист, ин тавр намекард, боз муддате сабр карда, онро дар ягон магазин ё дӯкон обулой менамуд.
Хӯш, рақами самосвали Шавкатро кӣ хабар дода бошад? Шавкатро он рӯз дар пеши машинаш кӣ дида буд? Мудири гаражи кон, мудири хоҷагӣ Бевзюк... Хайр инҳо аз тафтиш гузаштанд. Боз кӣ? Клавдия Воронцова дар банк... Дар воқеъ Шавкат он рӯз мошини худро дар пеши банк нигоҳ дошта, ба Клава изҳори муҳаббат карда буд. Дӯкони китобфурӯшии Волощук ва ресторани тобистонаи Насим ҳам дар рӯ ба рӯи банк воқеъ гаштааст. Эҳ, сабил, охир Шавкат он рӯз аз Волощук ду ҷилд китоби «Граф Монте-Кристо» харида буд-ку! Ҳамон ду ҷилди қоғазпеч, ки дар кабинети майор фаромӯш карда рафта буд... Аз Шавкат пурсидан даркор, ки дар ҳангоми муомилаи худ бо Волощук ҷои рафтанашро гуфтааст ё не.
Ғайр аз ин, ба Пётр Степанович ҳам дар хусуси зарурияти зудтар кашонда гирифтани ангишт зане гӯё аз идораи анбор телефон кардааст ва ҳол он ки мувофиқи маълумоти Суриков, на дар анбори ангишт, на дар идорааш ягон зан кор намекунад ва телефон ҳам нест.
ЗАМИНИ САХТУ ОСМОНИ БАЛАНД
— Росташро гӯед, ба худатон сабук мешавад,— дар ибтидои гуфтушунид огоҳ намуд майор Ҳотам Ҳомидовро.
Пирамард «фаҳмидам» гуфтагӣ барин карда, сарашро андаке ҷунбонида монд. Вале дақиқаҳо мегузаштанду ӯ ҳамчунон ба сухан лаб намекушод. Оби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё