Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
чашмонашро, ки ҳоло махсусан фаровон шуда, ба нӯки мижгонҳои сираки малларангаш дам ба дам шорида мефаромард, бо пушти дастони худ пок карда мемонд.
— Ҳотам Ҳомидов номи худатон аст?
Мӯйсафед боз ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонид.
— Гап занед! Кай боз ин касбро пеша кардаед?
Ҳотамбой фикр мекард, ки умри дарози фақат бо тарсу ваҳм ва ташвишу таҳлука гузаштаи худро чӣ тавр нақл кунад? Чиҳоро гӯяду чиҳоро нагӯяд? Касе ки ӯро аввалин бор ба ин роҳи пурхатар андохта буд, кайҳо хоку туроб шудааст. Он кас Туронов ном дошт ва на миллаташ маълум буду на дину мазҳабаш.
...Солҳои пурталотуми талош барои ҳокимияти нав буд.
Ҳотам дар шаҳр дар хонаи яке аз ошноёни падараш, ки савдогари тиллоҷаллоб буду бо тоҷирони хориҷа робита дошт, муваққатан мезист. Як шаб ҳамин Туронов ба ҳавлии савдогар соате меҳмон шуд ва дами рафтанаш Ҳотамро ба каноре чеғ зада гуфт:
— Ман писари кӣ буданатонро медонам, йигити нағз! Шумо одами боидрок будаед. Бисёр нағз кардед, ки аз қафои падаратон нарафтед. Босмачигарӣ кори одами оқил нест...
Туронов Ҳотамро дар ҳоли вазнинаш дилдорӣ дода, ваъда кард, ки агар ӯ майли ба онҳо кӯмак расонидан дошта бошад, боз вомехӯранд.
Баъди ду рӯз ба Ҳотам маблағи калоне ва якчанд милтику таппонҷаи англисиро дода гуфт, ки пул барои хизматҳои ояндаи бойбача аз нӯки хамир фатир аст, яроқҳоро дар ягон ҷой эҳтиёт карда монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё