Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ӯ тела дод. Пирамард ба истакон об рехта ба лабаш бурд. Об аз гулӯяш базӯр мегузашт, нисфи он ба ришаш шорида, ба синаи барахнааш мерехт.
Каме дуртар аз столи майор дар паси столи дигари майдатар стенографисткаи солхӯрдае нишаста, ба Ҳотамбой бо як назари қароҳатомез чашм дӯхта буд.
Ҳотамбой нақлашро давом кунонид.
Се сол муқаддам дар кӯҳсор кони нав ба кор сар кард. Вай ба ҳуҷайинонаш хабар дод, ки аз кони нав як навъ маъдани нодир ҳосил мекунанд. Ин буд, ки ба сари ӯ борони супоришот фурӯ рехт. Аз ӯ талаб мекарданд, ки иқтидори истеҳсолии конро бифаҳмад, тарзи истеҳсол ва азнавкоркунии маъдан ва бисьёр чизҳои дигарро хабар диҳад. Аммо иҷрои ин супориш бисьёр душвор буд. Хайрият, дар ҳамин вақт Акбар пайдо шуда монд.
— «Депутат», — луқма партофт Сафаров.
— Ҳо, «Депутат», — тасдиқ намуд Ҳотам.
— Лақаби худатон чист?
— Ман лақаб надорам, ҳамин тавр «Тағо» мегӯянд.
Сафаров ришханде карда монд. Вай аз Ҳомидов пурсид, ки дар бораи Акбар чиҳо медонед?
Аммо Ҳотамбой дар ин бобат ҳам чандон маълумоти муфассал надошт. Баръакс худи Сафаров ҳоло дар бораи «Депутат» назар ба Ҳомидов бештар медонист.
Акбар ҳам аз қабили Ҳотамҳо, аз қабили шахсоне буд, ки дар ин дунё ягона мақсад ва роҳнамояшон пулу мол аст. Падари Акбар соли 1930-юм ҳамчун кулак бо оилааш ба Кавкази Шимолӣ бадарға шуда буд. Пеш аз ҷанг ӯ дар ҳамон ҷо бо аҷали худ мурд. Вақте ки ҷанг сар шуду душман ба Кавказ наздик омад, Акбар ба истиқболи фашистон шитобид. Муддате дар гестапо хизмат кард. Баъд дар мактаби ҷосустайёркунӣ хонд. Баъди торумор карда шудани фашистон, ӯро низ ҳуҷаинҳои дигар ба даст гирифтанд. Маълумоти Акбарро аз сари нав такмил дода, барои хизмат кардан дар Осиёи Миёна тайёр намуданд. Акбар ба Иттифоқи Советӣ ба воситаи Шарқи Дур баргашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё