Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳотамбой мебоист барои кори аз ҳар ҷиҳат соз пайдо кардан ба Акбар кӯмак мекард. Вале ёрдамчии нави ӯро ҳар гуна кор хуш намеомад. Иттифоқо Ҳотам ба даҳани Баландтеппа рафта буд, ки Насими аз дарахт афтода маҷрӯҳ шударо ба ӯ ҳамроҳ карда, ба касалхонаи шаҳр фиристоданд. Тарҳи рӯи Насим ба Акбар бисёр монанд буд. Ин шабоҳат дарҳол ба Ҳотамбой кордида роҳ нишон дод.

Вай Насимро шабона рост ба хонааш оварду Акбарро ёфта омада, ӯро нишон дод. Ҳар ду маслиҳатро як ҷо монда, Насимро аз шаҳр берун бароварда нест карданд.

Пагоҳи дигар Насими қалбакӣ бо сари кафидаи латтапеч дар қабулҳои касалхонаи беморони рӯҳӣ беҳушу бехуд алой гуфта менишаст. Ба бахти ӯ профессор Аркадий Кузьмич Чуприн дар касалхона набуд.

Акбар аз касалхона Насимҷиннӣ шуда баромад. Чанд вақт аз шаҳр ғайб зад ва чун Ҳотамбой дид, ки ба Насимҷиннӣ дигар касе кордор нахоҳад шуд, ӯро ба кӯчаҳои шаҳр сар дод.

Ниқоби девонагӣ ба Акбар хеле хуш омад. Ростӣ, ӯ муддате машаққат кашида, хислатҳои одами ноқисулақлро аз бар намуд, лекин акнун кораш дар авҷ буд. Вай дар шӯъбаи тобистонаи ресторан ба хизматгорӣ даромада, баъди ду-се моҳ дар шаҳр чун Насимҷиннӣ машҳур шуд, аз санҷиши мулоқот бо яктанимта хешовандон ва ҳамқишлоқон ҳам ба хубӣ гузашт.

Ташаббус ва инони ихтиёри корҳо тадриҷан ба дасти Акбар гузашт. Акнун Ҳотамбой супоришот ва мукофоти худро ба воситаи Акбар мегирифтагӣ шуд.

Дере нагузашта Акбар фаҳмид, ки сирри кон бо инженерон Восеев ва Боронов вобаста аст. Бо ёрии микрофонҳои дар пояи столҳои таомхӯрӣ пинҳон кардааш мусоҳибаи Восеевро бо кассири кон Собиров навишта гирифт.

Рӯзи дигар Акбару Ҳотам ба роҳи кон баромада камин гирифтанд. Акбар, ки чандин моҳ ин ҷониб рафтуомади

пешина
аз 102
навбатӣ