Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Билдинг аз шиддати ғазаб ва ҳисси оҷизии худ чизе гуфта натавониста, ба як кунҷи хонаи бесоҳибмонда нигоҳ мекард.

КОХҲОИ КӮҲНАРО БОД КУНЕМ...

Дар бадали ин чанд рӯз лейтенант Комилов андаке лоғар ва ранги рӯяш зардчатоб шуда буд. Аммо чашмони бо хаёле фурӯ нишастааш аз хушҳолӣ ва қаноатмандӣ медурахшиданд.
Майор ҳам тағйироти зоҳирии шогирдашро пай бурда, мамнунона табассум кард.
— Алиҷон, шумо ҳам ба кӯраи корзор сиҳат-саломат даромада баромадед, — гуфт ӯ.
— Ба кӯра даромада баромадам-куя, лекин қариб ба роҳи хато рафта, корро вайрон карда будам, — гуфт Алиҷон бо оҳанги узрхоҳона. Вай ҳаминро дар назар дошт, ки аз Клавдия Воронцова беасос гумонбар шуда, ин зани софдилро ба ташвиш мононда буд.
— Ҳеҷ воқеа не, қадами аввал лӯкка, гуфтаанд, — тасаллӣ дод майор.
Алиҷон дар ҷои нишастааш беқаророна ҷунбида монд, гӯё чизеро пурсиданӣ буду вале дил намекард.
— Агар ягон чиз бароитон норавшан бошад, пурсед, — ба ёрии ӯ расид Сафаров. — Акнун касби мову шумо, ки ҳамин аст, бояд нағзакак таҷриба ғун кунем, Алиҷон. Қани саволҳоятонро ба миён партоед, майлаш, кохҳои кӯҳнаро як бод кунем.
— Сабаби ба шаҳр беяроқ омадани марҳум кассир ба ман ҳоло ҳам торик — ҳанӯз он қадар ҷуръат накарда, бо истиҳола гуфт Комилов.
Майор гуфт, ки ба сафар беяроқ бароварондани кассир Собиров аслан ба нақшаи қотилон дохил намешуд. Чунон ки аз баёноти Ҳотам Ҳомидов маълум шуд, «Таго» ва «Депутат» боварии комил доштанд, ки кассири яроқнокро ҳам бе душворӣ ӯҳда карда метавонанд. Чунки охир ҳар кас ҳам Насимчинии машҳурро дар паҳлӯи мӯйсафеди фартути ришу салладор дида, заррае гумон намекунад, ки онҳо қасди ҷони ӯро дошта бошанд... Пас беяроқ омадани Собиров бо

пешина
аз 102
навбатӣ