Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
таклиф ва ташаббуси Антонина Волощук воқеъ шудааст. Ин занак қариб бо ҳамаи онҳое ки ба ҳодисаи кон алоқаманд буданд, шиносӣ доштааст. Марҳум Собиров аз аввали ҳамин сол барои дохил шудан ба институт тайёрӣ медид. Инро аз ӯ маҳбубааш Клавдия Воронцова ҳам талаб мекард. Собиров ба Волощук муроҷиат карда, илтимос мекунад, ки китобҳои нодири ба ӯ лозимаро навъе карда ёфта диҳад. Занак ваъда медиҳад.
Вақте Волощук аз нияти шариконаш огоҳ мешавад, ёрмандии худро таклиф карда мегӯяд, ки коре мекунад, то кассир ба шаҳр беяроқ ояд. Шариконаш ҳам, албатта, аз ҷон хуштар розӣ мешаванд.
Инак «Арӯс» як рӯз пештар аз фалокати роҳи кон Собировро дида мегӯяд:
— Китобҳои даркориатонро ёфтам. Пагоҳ ҳамроҳ рафта мегирем.
Собиров изҳори миннатдорӣ мекунад.
— Пагоҳ албатта ба шаҳр меоед-а? — таъкидкунон мепурсад занак.
— Албатта меоям, аз банк пул гирифтан даркор.
— Эҳ, агар барои пулгирӣ неомада бошед, корамон намепазад, — мегӯяд Волощук бо таассуф.
— Чаро?
— Соҳиби китоб... ба шумо чӣ гӯям...— забон хоида мегӯяд Волощук,— соҳиби китоб, рости гап, каму беш савдогарӣ дорад. Мӯтарсам, ки одами яроқдорро дида гурдааш накафад. Ман аслан ба ин хел корҳо восита намешудам, аммо ба хотири шумо...
Собиров қарор медиҳад, ки ба шаҳр беяроқ ояд. Аз ин пеш ҳам ӯ як-ду маротиба барои пулгирӣ беяроқ омада будааст. «То ҳоло ягон ҳодиса нашуда, дар ҳамин замони тинҷию фаровонӣ мешавад?» — мегӯяд ӯ худ ба худ.
Дар ҳақиқат ҳам, рӯзи дигар Волощук китобҳои ваъда кардаашро ёфта медиҳад.
— Қанӣ он китобҳо? — пурсид Алиҷон. — Мо дар ҳеҷ ҷой китобе надидем-ку?
— Бале, мо аз он китобҳо ному нишоне надидем,— ҷавоб дод Сафаров.— Кассир онҳоро гашта дар дӯкони Волощук муваққатан монда буд, ки аз ин кори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё