Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
Забони тоҷикӣ
Забони яроқи асосии нависанда, муҳимтарин омили тасвири бадей, нахустин унсури адабиёт аст. Аз ин ҷост, ки забонро нағз надониста, онро ба ҳукму фармони худ надароварда, асари хуб, асари комил ва шоиста офаридан муҳол аст.
Раззоқ Ғаффоров
Забони адобӣ, ки шакли олӣ ва сайқалёфтаи забони умумихалқилст, дар идомаи инкишофи худ ҳамеша аз забони зинда ва шоҳаҳои шевагии он ғизо гирифта, пай дар пай ғанӣ ва муқтадир мегардад.
Раззоқ Ғаффоров
Забони тоҷикӣ омили асосии ташаккул ва бақои халқи тоҷик аст, тавонотарин воситаи ваҳдат ва маърифати миллат аст.
Шарофиддин Рустамов
Забони адабии тоҷик таърихи ғанӣ ва омӯхтани дорад.
Шарофиддин Рустамов
Забони форсии тоҷикӣ ҳамон форсии дарист, ки дар садаи 9-10 мелодий шакли адобӣ ба худ гирифт.
Шарофиддин Рустамов
Забони адабии тоҷик яке аз неъматҳои хеле бузургест, ки ба насли имрӯза насиб гардидааст. Нависанда, шоир ва олимони гузаштаи мо дар муддати асрҳо асарҳои бадей, илмӣ ва фалсафии зиёде офарида, хазинай бисёр пурбаҳои калима ва ибораҳоро ба вуҷуд оварда, ба мо ёдгор гузоштаанд, ки ин аз бузургтарин сарватҳои халқи мост.
Раҳим Ҳошим

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё