Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Форсии дарӣ на танҳо дар аввал — дар овони ташаккули забони адабӣ ва айни авҷу барораш яке аз доротарин ва зеботарин забони аҳли биҳишт ба шумор мерафт, балки имрӯз пас аз ҳазор сол низ он хусусият, он кудсияташро аз даст надодааст. Имрӯз ҳам яке аз доротарин ва зеботарин забонҳои Шарқ ба ҳисоб меравад.
Муҳаммадҷон Шакурӣ

Забони адабии тоҷик роҳи хеле дуру дарози инкишофи таърихиро тай намуда, таркиби луғавии он ниҳоят ғанӣ ва сохти грамматикиаш такмил ёфтааст.
Додоҷон Тоҷиев

Ба андешаи мо, фонди луғавии забони мо ва сохти дастурии (грамматикии) он чунон устувор ва мустаҳкам аст, ки кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи Тоҷикистонро мемонад. Ин фонд ва ин сохти дастурӣ роҳ намедиҳад, ки забони дигаре зӯр барояд.
Маҳмадулло Лутфуллоев

Дар асри Сомониён забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) ташаккул ёфт, ба забони миллӣ, илмию адабӣ, давлатию умумихалқӣ мубаддал гашт. Шуҳрати ин забон тамоми оламро фаро гирифт.
Маҳмадулло Лутфуллоев

Адабиёти лексикографӣ дар забони форсӣ (дарӣ) ниҳоят зиёд ва гуногун аст.
В. А. Капранов

Забони модарии мо, забони тоҷикӣ, таърихи дуру дароз дорад. Вай дар набардҳо ба забони дигар миллатҳои хурду калон обутоб ёфта, истиқлолияти худро нигоҳ дошта омадааст.
Юсуфшоҳ Яъқубов

пешина
аз 30
навбатӣ