Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
Забони тоҷикӣ яке аз шоҳаҳои пурбори дарахти куҳансоли забони форсӣ мебошад.
Раҳим Ҳошим
Забони тоҷикӣ дар заминаи лаҳҷаи форсӣ ташаккул ёфта, дар асрҳои 9 ва 10 забони дарӣ ном гирифтааст. Дар давраи ҳокимияти Сомониён, ки маркази он Бухоро буд, яке аз пойгоҳҳои муҳими ташаккул ва нашъунамои ин забон будааст, дар забони дарӣ, тоҷикии имрӯза адабиёти бузург, хусусан, назми зебо ва шевое ба вуҷуд омад.
Раҳим Ҳошим
Забони имрӯзаи тоҷикӣ тамоми хусусиятҳои грамматикӣ ва сарвати луғавии адабиёти классикии моро нигоҳ дошта, роҳи ба таври васеъ истифода карданро аз сарвати забони зинда ва лаҳҷаҳои пеш гирифта, захираҳои луғавии худро аз лаҳҷаҳои гуногун такмил медиҳад ва бинобар ин барои тӯдаи васеъ мафҳум мебошад.
Раҳим Ҳошим
Олитарин зуҳуроти нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллат бо ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайра дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Ин аст, ки забони халқеро надониста, ӯро шинохтан душвор аст.
Баҳром Фирӯз
Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст ва касоне, ки ин забонро пушти по мезананд ва ба он ҳурмат надоранд ва наомӯхтаанд, ба халқи Ватан эҳтироми бардурӯғ доранду бас.
Баҳром Фирӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё