Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
Беҳуда нест, ки ҳамватанони Ҳофиз метавонанд аз фарзандони диёри Рӯдакӣ ва Абуҳафс рамзи қувват ва салобати забони диловези дариро биёмӯзанд ва аз ин ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ, ки мардуми тоҷик доранд, баҳра андӯзанд.
Абулҳусайни Зарринкӯб
Дар ин лаҳҷаҳо (дар забони тоҷикӣ) бисёр хусусиятҳое мавҷуд аст, ки услуби Фирдавсиро ифода мекунад. Дар ин лаҳҷа ҷонишинҳо (бандакҷонишинҳои мафъул) феълҳо, ибораҳо нисбат ба лаҳҷаи Эрон ба таъсири туркӣ камтар дода шудааст.
Ҳерман Вамбери
Забони муосири адабии форсӣ, ки арабиалифбост, асри IX дар Эрони Шарқӣ ташаккул ёфта, дар Бухоро - пойтахти Сомониён ба нумӯи воло расид.
Ричард Фрай
Агар ҳамин алифбои манфури арабӣ намебуд, ки дар он баъзан шаш ҳарфи ҳамсадо як хел менамояду садонокҳо нестанд, ман барои дар 48 соат омӯхтани тамоми грамматикаи забони форсӣ сар мекардам.
аз мактуби Энгелс ба Маркс
Ашъори ринди сармаст Ҳофизро, ки забонаш ширину хушсадост, ба форсӣ хондан басо гуворост.
Энгелс
Мардуми форс дар тӯли панҷ аср аз ҳамаи шоирони худ фақат ҳафт тан (Фирдавсӣ, Низомӣ, Анварӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ) - ро эътироф кардаанд ва ҳол он ки дар байни шоирони нописандидаи онҳо мардони аз ман бузургтаре ҳастанд.
Гёте

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё