Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ - забони модариамон

  • забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем.
    Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи дигаре, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддии худро тақозо мекунад, ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмӯъ сифати қонунҳоро муайян мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон

Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки «Авесто»-ро навиштаанд, «Худойномак»-у «Таърихи мулки Аҷам», «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд.
Эмомалӣ Раҳмон

Барои озодона ба забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтаю суҳбат кардан бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.
Эмомалӣ Раҳмон

Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратхонаҳо ривоҷ пайдо карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон

пешина
аз 30
навбатӣ